ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРОН БА ШАПША НАМЕФОРАНД: ИХРОҶИ БОЗ 12 МУҲОҶИР, АЗ ҶУМЛА 4 ТОҶИК АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГА

Раёсати приставҳои додгоҳии вилояти Калугаи Русия рӯзи 22 марти соли 2024 хабар дод, ки аз ин вилоят 11 шаҳрванди кишварҳои СНГ, аз ҷумла 4 тоҷик, ва як зан аз кишвари африқоии Нигерияро ихроҷ кардаанд.

Гуфта мешавад, ахиран ба приставҳои Калуша 12 қарори додгоҳ дар бораи аз ин вилоят ва аз Русия берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ расид. Қаламрави Калуга ва Русияро бояд 5 шаҳрванди Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикистон, якнафарӣ аз  Қазоқистону Озарбойҷон ва як зан аз Нигерия тарк мекарданд.

“Ин шахсон дар қаламрави вилоят ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ё кор мекарданд. То замони ихроҷашон онҳоро дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта буданд. Приставҳо баъди таҳияи ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозим ин 12 муҳоҷири ғайриқонуниро то хатти марз дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав бурда, расонданд. Онҳоро барои 5 соли дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия ҳам маҳрум кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда.

Дар Русия губернаторҳоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят, аз ҷумла дар Калуга, Тула ва Калининград, ва ҳамин тавр, дар мансабҳои баланди ҳукуматӣ, аз ҷумла дар роҳбарии Кумитаи тафтишоти Русия шахсони мавқеашон ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор ё вазир ваё раҳбари идора таъйин кардааст.

Владимир Путин ва Владислав Шапша (аз рост). Алексей Дружинин / РИА Новости

Соли 2020 Путин Владислав Шапшаро, ки бо мавқеъ ва сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронаш ном баровардааст, волии Калуга таъйин кард. Дар давраи раҳбарии Шапша Калуга қариб ҳар ҳафта бо хабарҳои марбут ба мавҷҳои навбанави таъқибу ихроҷи муҳоҷирон дар сархатти хабарҳо қарор мегирад. Инак чанд сол боз дар вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирон чанд миллиард доллар пул мефиристанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button