ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САНГРЕЗ ДАР ЛАБИ ҶАР ВА ДУ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР БАЙНИ НИМ РӮЗ

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 марти соли 2024 хабар дод, ки тайи ним шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ як сангрез ва ду заминларза рух додааст.

Аз ҷумла шоми 13 марти соли 2024, тахминан соати 19:24, дар километри 6-уми роҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон бар асари боришоти ахир сангрез ба амал омада, роҳро баст.

Барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ кормандон ва техникаи хадамоти роҳи вазорати нақлиёти Тоҷикистон сафарбар гардида, субҳи барвақти 14 марти соли 2024 роҳ тоза карда шуд ва равуои нақлиёт тавассути он аз сар гирифта шуд.

Сангрезу ярч аз ҷумлаи офатҳои табии сершумор дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 48 мавриди сангрез ва ярч рух додааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддабо такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ дар бораи ду заминларза дар ҳудуди Тоҷикистон дар фосилаи тақрибан ним шабонарӯз хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, заминларзаи аввал шаби 13 марти соли 2024, соати 20:24 ба вақти маҳаллӣ рух дода, марказаш дар 255-километрии ҷанубушарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир шуда буд. Иқтидори ин зилзила дар марказаш 4 балл, дар Душанбе 2-3 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ин офати табиӣ касе осеб надидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 14 марти соли 2024, соати 09:25 ба вақти маҳаллӣ  дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларза ба амал омад. Маркази ин офати табиӣ дар 207-километрии шимолушарқи шаҳри Душанбе ва 19-километрии ғарби маркази ноҳияи Лахш ҷойгир шуда, шиддати зилзила дар марказаш 3-4 балл ва дар маркази ноҳияи Лахш 3 баллро ташкил додааст. Ин офати табиӣ низ, хушбахтона, ягон вайронӣ ба ҷо нагузоштааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза, дар як ҳафтаи охир 5 зилзила,  дар як моҳи охир 17 заминларза ва дар як соли охир 243 заминларзаро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар хатти марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button