ЛАТТУ КӮБИ СОКИНИ ҲИСОР ДАР КӮЧАИ ШАМСӢ ВА ТАСАРРУФИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ ДАР ХУҶАНД
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 14 марти соли 2024
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри Ҳисор, муроҷиат намудааст, ки санаи 4-уми марти соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи Шамсии ноҳияи мазкур қарор доштанаш, марди 42-солаи сокини ноҳияи Восеъ, бе ягон асос ӯро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Тасарруфи телефони мобилӣ дар ҳолати мастӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, шаби 8 ба 9-уми марти соли 2024, соати 00:10 ҳамроҳи ҷавони 19-солаи сокини шаҳри мазкур ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, дар назди маркази дилхушии «Мансур», дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, бо роҳи истифодаи зӯроварӣ аз марди 26-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як адад телефони мобилии тамғаи «Редми-10»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 1200-сомониро ташкил медиҳад.
Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.