ВидеоСиёсат

ЭЪТИРОЗИ МУХОЛИФИНИ ТОҶИК ДАР НАЗДИ КОНСУЛГАРИИ ТУРКИЯ ДАР ШАҲРИ ҲЮРТИ ОЛМОН

Як гуруҳи тарафдорони ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи-24“ ва фаъолони алоҳида рӯзи 14 марти соли 2024 дар назди бинои консулгарии Туркия дар шаҳри Ҳюрти Олмон тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. Ин нахустин эътирози мухолифин дар вокуниш ба паиҳам дар Туркия бедарак шудани раҳбари “Гуруҳи 24” Суҳроб Зафар ва намояндаи ин ҳаракат дар Туркия Насимҷон Шарипов мебошад.

Тазоҳургарон аз нопадид шудани ин ду ҳамсафи худ изҳори ташвиш карда, аз мақомоти Туркия тақозо карданд, то онҳоро ҳарчӣ зудтар пайдо кунад ва одамрабоёнро ба ҷавобгарӣ бикашонад. Ҳамсафонашон аз он нигаронанд, ки Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро дар Туркия рабудаанд ва қасди ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бурдани онҳоро доранд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, тарафдорони “Гуруҳи 24” ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф ва фаъолони алоҳида қасд доранд, ки чунин тазоҳуроти эътирозиро дар назди боз чанд намояндагии дипломатии Туркия дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Вена ва Берлин баргузор кунанд.

 Шаҳри Ҳюрт бо наздики 60 ҳазор аҳолӣ дар канори шаҳри Кёлн дар сарзамини Рейни Шимолӣ – Вестфалия дар қисмати ғарбии Олмон ҷойгир шуда, ватани Михаэл Шумахер, сабқатгари шуҳратёри “Формула-1” мебошад.

“Гуруҳи 24” қаблан хабар дод, ки Насимҷон Шарипов аз рӯзи 23 феврали соли 2024 ва Сӯҳроб Зафар аз субҳи 10 март дар шаҳри Истанбул бедарак шудаанд.

Баъди бедарак шуданашон Насимҷон Шарипов инак 3 ҳафта боз ва Сӯҳроб Зафар инак 3 рӯз боз аз худ ягон дараке надодаанд ва телефонҳояшон низ хомӯш аст.

Мақомоти Туркия то кунун дар бораи ғайб задани ин ду сиёсатмадори мухолифи тоҷик ягон шарҳ надодаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ бедарак шудани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро то ҳол шарҳ надодаанд, вале ҳамсафони онҳо дар “Гуруҳи 24” ҳадс мезананд, ки эҳтимолан баъди ноком шудани чандин талош барои истирдоди қонунии онҳо аз Туркия, ҳардуро бо мақсади ба Тоҷикистон бурдан рабуда бошанд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз сӯи соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов баъди аз дасташ гирифтани тиҷоратҳои ӯ  ва тарки Тоҷикистон карданаш таъсис ёфтааст. Ин ҳаракат дар тобистони соли 2014 дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон як силсила эътирозҳо барпо кард ва рӯзи 10 октябр ҳамаро ба як гирдиҳамоии саросарӣ дар маркази Душанбе даъват кард. Ба ин гирдиҳамоӣ касе наомад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро манъ ва онро созмони ифротӣ эълон кард. Асосгузори “Гуруҳи 24” моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар пайи ноком шудани кӯшиши заҳр доданаш дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Даҳҳо узви ин ҳаракати оппозитсионӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистону кишварҳои СНГ дастгир шуданд. Боқимонда аъзои “Гуруҳи 24” дар Туркия ва кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд ва аз ҳамин ҷо ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Вале раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар бо чанде аз ёронаш дар Туркия монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button