ДАЪВАТИ МУФТӢ АЗ ТОҶИРОН: ДАР МОҲИ РАМАЗОН НАРХҲОРО НА БОЛО, БАЛКИ ПОИН БАРЕД!

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор дар моҳи шарифи Рамазон ба хотири фоидаи бештар гирифтанро “амали бадтарин” номида, маҳкум кардааст.Ӯ  аз ҳамаи тоҷирон даъват кардааст, ки дар ин моҳи муборак хайру эҳсонро пеша карда, ба ҷои боло бурдан, нархҳоро баракс пойин биоранд.

Дар мақолааш, ки маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дин ва танзими маросимҳо рӯзи 13 марти соли 2024 таҳти унвони “Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи бештар амали бадтарин аст” нашр кард, муфтии Тоҷикистон навиштааст:

“Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хизматрасонӣ ба мардум масъуланд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”.

Саидмукаррам Абдуқодирзода дар идомаи мақола бо изҳори таассуф меафзояд, ки бо ин вуҷуд, боз ҳам “дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор (дар истилоҳи фиқҳи шаръӣ инро ба таври сунъӣ боло бурдани нарх мегӯянд) даст мезананд”.

“Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад. Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд, аз ин маблағе ба даст меоранд, лек ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад”, – навиштааст муфтӣ Абдулқодирзода.

Дар анҷоми мақолааш ӯ аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо фаъолият анҷом медиҳанд, хостааст, ки “дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд. Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад”.

Ин даъвати муфтии Тоҷикистон аз тоҷирон дар ҳолест, ки ҳар сол дар моҳи Рамазон ва дар арафаи идҳои бузург, аз ҷумла иди Рамазону  иди Қурбон ва Соли нав мардум аз беинсофона боло бурдани нархи маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 11 март оғоз ёфт ва то 10 апрел давом мекунад. Дар ин моҳ мусулмонон аз субҳи барвақт то расидани шом рӯза мегиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button