ҚАЗОҚИСТОН ҲАМЧУН КУМАКИ БАШАРӢ БА ТОҶИКИСТОН 15 ҲАЗОР ТОННА МАЗУТ ФИРИСТОД

Агентии рушди байналмилалии Қазоқистон рӯзи 13 марти соли 2024 хабар дод, ки ин кишвар ҳамчун кумаки башарӣ ба Тоҷикистон 15 ҳазор тонна мазут фиристодааст.

Бино ба итттилоияи агентии расмии ҳукумати Қазоқистон, қарори ба Тоҷикистон фиристодани 15 ҳазор тонна мазут дар чорчӯби барномаи расмии кумакҳои башарии ҳукумати Қазоқистон ва бо супориши президенти ин кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев қабул карда шуд.

 “Бояд таъкид кард, ки интиқоли ин бори башарӣ бо мусоидати Агентии рушди байналмилалии Қазоқистон “KazAID” сурат гирифта,  саҳме дар ҳамкориҳои минтақавӣ ба хотири рушд ва таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳамчунин баёнгари бародарӣ ва дасти ёрист, ки хоси муносибатҳои чандинасраи Қазоқистону Тоҷикистон аст”, – таъкид шудааст дар иттилоияи KazAID.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми умумии кумакҳои башарии аз соли 2006 ба ин тараф ба Тоҷикистон расондаи Қазоқистон тақрибан 45 миллион долларро ташкил медиҳад.

Қазоқистон кишвари аз лиҳози иқтисодӣ аз ҳама қавии Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар соли 2023 ба қариб 260 миллиард доллар расид, ки ин беш аз нисфи ҳаҷми иқтисоди тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон дар соли гузашта наздики 91 миллиард доллар, аз Туркманистон ҳудуди 82 миллиард долларро ташкил дод, ки иқтисоди ҳардуяш аз ҳаҷми иқтисоди Қазоқистон се маротиба камтар аст.  Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистон дар соли 2023 ба 12,7 миллиард доллар наздик шуд.

Иқтисоди аз ҳама заифи минтақа ин иқтисоди Тоҷикистон аст, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш ба 10,9 миллиард доллар баробар шуд.

Ҳатто ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Афғонистони ҷангзада нисбат ба Тоҷикистон тақрибан 3,7 миллиард доллар бештар буда, соли гузашта ба 14,6 миллиард доллар баробар шудааст.

Ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистон аз Қазоқистон тақрибан 25 маротиба камтар аст.

ВВП стран Центральной Азии 2018-2023 гг. (млрд долларов США)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button