ВидеоИқтисодТоҷикистонҲодисаҶомеа

БАРҚИЯИ ГУҶРАЛ: МОҲИ РАМАЗОН БА МАРДУМ СУБҲУ ШОМ ЧОРСОАТӢ БАРҚ ДИҲЕД!

Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки ҳоло ҳаққи монополии тақсимоти барқ дар саросари Тоҷикистон, ба истиснои вилояти Бадахшон, ба ҳамин ширкати давлатӣ супурда шудааст, рӯзи 10 марти соли 2024 бо ирсоли як барқияи фаврӣ ба раҳбарони филиалҳои ин ширкат амр додааст, ки ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз 11 март ба аҳолӣ дар шабонарӯз 8 соат барқ бидиҳанд: 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом.

Дар барқия чунин гуфта мешавад:

“Ба роҳбарони филиалҳои ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”

Роҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Шуморо вазифадор менамояд, ки ба муносибати моҳи шарифи Рамазон аз 11 марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ, ҳамарӯза соатҳои 04:00 то 08:00 ва 17:00 то 21:00 аҳолии мамлакатро пурра бо барқ таъмин намоед.

Бо мақсади риоя намудани бори системаи энергетикӣ, меъёри истифодабарии нерӯи барқ ва вақти маҳдудияти онро зери назорати қатъии худ қарор дода, тибқи ҷадвали пешниҳоднамудаи ҷамъият ва тавсияҳои Хадамоти маркази диспетчерии ҶСК “Барқи Тоҷик” корбарӣ намоед.

Директори генералӣ А.Гуҷрал”

Тарафдорони ҳукумат аз ҳоло ин барқияро ҳамчун “нишонаи ғамхории ҳукумат дар ҳаққи мардум дар моҳи шариф” тавсиф карда истодаанд, вале мунтақидон мегӯянд, дар асри 21 ба аҳолӣ дар шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат барқ додан ягон ҷои болидану фахр кардан надорад.

 Арвинд Гуҷрал як соҳибкор ва менеҷери зодаи Ҳиндустон буда, ҳоло раҳбарии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, яке аз бахшҳои аз”Барқи Тоҷик” ҷудокардашударо дар даст дорад. Кай ва аз ҷониби кӣ ба ин мақоми баланд таъйин шудани ин соҳибкори ҳиндӣ маълум нест.

Барқияи раҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз поёни моҳи сентябри соли 2023 лимити барқ ҷорӣ карда шудааст. Агар ин лимит қаблан бештар манотиқи деҳотро фаро мегирифт, аз нимаи дуюми моҳи феврал лимит дар шаҳрҳо, аз ҷумла дар пойтахт, шаҳри Душанбе низ ҷорӣ карда, аз аввали моҳи март чунон шадид шуд, ки ба гуфтаи сокинон, ҳатто дар шаҳрҳо  то якуним соат субҳ ва то якуним соати дигар шом барқ медоданд.

То кунун мақомоти масъули соҳаи энергетика ва ширкатҳои “Барқи Тоҷик” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” сабаби ҷорӣ кардани чунин лимити дастикам аз соли 2018 ба ин сӯ бесобиқаро ягон шарҳи қонеъкунанда надодаанд. Имсол ҳаво чандон ба сурати фавқулодда бебориш набуд ва дар бораи башиддат кам шудани оби обанборҳои нирӯгоҳҳои бузурги кишвар низ ягон хабари ҷиддӣ ба даст нарасида буд, ки лимитро якбора чанд маротиба шадидтар кунанд. Афзоиши аҳолӣ низ дар як соли охир он чунон зиёд набуд, ки истифодаи барқ чанд баробар афзуда бошад.

Аммо дар ҳоле ки мақомот дар шарҳи ин мавзӯи барои сокинон хеле муҳим ба даҳон об гирифтаанд, мухолифин доираҳои фасодзадаи ҳукуматро ба фурӯши беинсофона ва имсол беш аз  ҳадди нирӯи барқ ба хориҷ ва асосан ба Афғонистони таҳти султаи Толибон айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҳамаи пули ин барқ ба таври пинҳонӣ фурӯхташуда ба ҷайби чанд нафари алоҳида меравад. Мухолифин бар инанд, ки сабаби ба 3 миллиард доллар расидани қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” низ пинҳонӣ ва бидуни сабт дар ягон ҷо ба хориҷ фурӯхтани миллионҳо киловатт барқ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button