ВидеоМуҳоҷирон

17 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР НИМИ РОҲ ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН ДАРМОНДАНД (ВИДЕО)

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон рӯзи 10 марти соли 2024 дар Телеграм-каналаш бо нашри як видео хабар дод, ки кормандони ин ниҳод дар  ҳудуди вилояти Оқтеппа дар шимоли Қазоқистон 17 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро аз автобуси мусофирбаре, ки дар ними роҳ вайрон шуда буд, кӯчонида, муваққатан дар як масҷид ҷой кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад ки: “дар 3-километрии шаҳраки Темирбек Жургенови вилояти Оқтеппа, дар километри 80-уми роҳи мошингарди “Қарабутак-Комсомол-Қустанай” наҷотбахшон  мусофирони автобуси вайроншударо ба масҷиди деҳаи Темирбек Жургенов кӯчонданд. Дар автобуси мусофирбар 17 шаҳрванди Ӯзбекистону Тоҷикистон сафар мекарданд. Онҳо ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷ надоштанд”.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар иттилоияш аз ронандагон хостааст, ки ҳангоми ба сафари дур баромадани қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.

Шаҳраки Темирбек Жургенов (собиқ Комсомол)  дар фосилаи ҳамагӣ 75 километр аз Союзное, наздиктарин гузаргоҳ дар марзи Қазоқистон бо Русия ҷойгир шудааст ва бисёре аз воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки аз Осиёи Марказӣ ба Русия ё баракс аз Русия ба Осиёи Марказӣ муҳоҷиронро мекашонанд, аз ҳудуди ин шаҳрак мегузаранд.

Феълан маълум нест, ки мусофирони дар наздикии Жургенов дармонда ба Русия раҳсипор буданд ваё аз онҷо ба Ватан бармегаштанд? Вале ин шабу рӯз, бо поёни зимистони ҳавояш хеле қаҳратуни Русия, мавсими нави сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия оғоз гирифта истодааст.

Бино ба ҳисобҳои гуногун, ҳар сол аз 5 то 7 миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан аз се кишвари муҳоҷирфиристи ин минтақа: Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд. Пулҳое, ки ин муҳоҷирон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар ин се кишвар ба ҳисоб мераванд.

Вале ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба муҳоҷират бираванд ва сипас бо ҳамин роҳ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо, албатта, арзонтар тамом мешавад, вале чанд шабонарӯз идома ёфта,  хатарҳои зиёдеро, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ ва хатари ҳамлаҳои гуруҳҳои роҳзан дар тӯли роҳи тӯлониашон бо худ ба ҳамроҳ дорад.

Шаҳраки Темирбек Жургенов ба шарафи яке аз асосгузорони давлати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна номгузорӣ шудааст. Темирбек Жургенов  солҳои 1926-1929 ректори Донишкадаи омӯзгории Қазоқистон дар шаҳри Тошканд буд ва соли 1929, дар синни ҳамагӣ 31 вазири моиляи Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ аз соли 1930 то 1933 ба ҳайси вазири маорифи Ӯзбекистон ва аз соли 1933 то 1937 дар мақоми вазири маорифи Қазоқистон кор кард. Жургенов моҳи августи соли 1937 дар баробари дигар роҳбарони вақти ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар авҷи таъқиботи даврони Сталин ба ҳабс гирифта шуда, соли 1938 ба қатл маҳкум шуд. Соли 1957 коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии СССР Темирбек Жургеновро комилан бегуноҳ бароварда, сафед кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button