ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ТАНҲО АЗ ОИЛАИ КАБИРӢ 10 КАС: РУСИЯ 7 ҲАЗОР ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО ТАҲТИ ҶУСТУҶӮ ҚАРОР ДОДААСТ

Бар асоси рӯйхатти афроди таҳти ҷустуҷӯи федералӣ дар сомонаи расмии вазорати корҳои дохилии Русия, ин ниҳод ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ба ҳолати то аввали моҳи феврали соли 2024, қариб 100 ҳазор нафар, дақиқтараш 99 ҳазору 752 нафар дар робита ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қаламрави Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Боз 41 ҳазору 535 нафари дигар дар ин рӯйхат ҳамчун шахсони беномунишон гумшуда таҳти ҷустуҷӯ гузошта шудаанд.

Нашрияи Медиазона рӯйхатти афроди таҳти ҷустуҷӯ дар сомонаи ВКД Русияро ба риштаи таҳқиқ кашида, муайян кардааст, ки аз ин наздики 100 ҳазор нафари ҷустуҷӯшаванда беш аз 31 ҳазорашро русҳо (манзур шаҳрвандони Русия), беш аз 11 ҳазори дигарашро зодагони Арманистон ва 10 ҳазору 473 нафарашро зодагони Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Зодагони Тоҷикистон дар ин рӯйхатти сиёҳ дар ҷои чорум будаанд. “Медиазона” баршумурдааст, ки ВКД Русия 6 ҳазору 585 тоҷикро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Вале таҳқиқи пойгоҳи хабарии “Бомдод” нишон дод, ки шумори зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд, хеле бештар аз ин шашуним ҳазор аст, чунки даҳҳо нафари дигар аз зодагони Тоҷикистон бидуни зикри номи кишвар дар ин рӯйхат қарор доранд.

Аксари ин наздики 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар ҷустуҷӯи федералии Русия қарор доранд, албатта, онҳоеянд, ки барои ягон амали ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Вале дар ин рӯйхат даҳҳо тан аз мухолифини ҳукумат, журналистон ва фаъолони ҷомиа низ ҳастанд, ки таҳти таъқиб қарор гирифтани худро дорои сирф ангезаҳои сиёсӣ мешуморанд.

Дар ин рӯйхат номи Муҳиддин Кабирӣ, яке аз роҳбарони мухолифини тоҷик ва чанд узви хонаводаи ӯ, аз ҷумла бародаронаш Якоша ва Маҳмадсолеҳ, хоҳараш Бибисоро, писаронаш Муҳаммад ва Руҳуллоҳ Тиллозодаҳо ва Алиҷон, писари Маҳмадсолеҳ Кабиров ҳастанд. Ҳамчунин ду бародарзодаи Кабирӣ: Муҳаммадҷон ва Маҳрамой Кабировҳо ва домоди бародараш журналист Амруллоҳи Низом низ дар Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Аз журналистон Рустами Ҷонӣ, Анора Саркорова, Шуҳрати Раҳматулло, Темур Варқӣ (Қличев), аз шахсиятҳои шинохтаи мухолифин  Сайидюнуси Истаравшанӣ Истаравшанӣ (ҳамроҳ бо бародару писару ҷиянҳояш), Алим Шерзамонов ва духтараш Нарзибибӣ, Бобоҷон Қаюмов, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Шарофиддин Гадоев ва хоҳараш Ҳафизамоҳ Гадоева, Муҳаммадиқболи Садриддин ва бародараш Доро Садурдинов, Беҳрӯз Тағойзода,  Ҳусейн Ашӯров ва бародаронаш Ҳасану Саидалӣ Ашӯровҳо, ҳомии ҳуқуқ Шабнам Худойдодова ва боз даҳҳо нафари дигар аз ҷониби ВКД Русия ҷустуҷӯ мешаванд. Ҳамин тавр, ВКД Русия Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистонро, ки соли 2015 бо шавҳараш ба Сурия фирор кард,  то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

Бархе аз намояндагони мухолифини тоҷик исми худро дар ин рӯйхат пайдо карда, ҳадс заданд, ки Русия барои ба даст овардани қаноати Душанбе ҳазорон тоҷикистониро таҳти ҷустуҷӯ гузоштааст.

Вале як манбаи “Бомдод” дар мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳазорон номи тоҷикӣ дар рӯйхатти афроди таҳти ҷустуҷӯи ВКД Русия гуфт, аксарияти кулли онҳо афродеанд, ки барои аъмоли сирф ҷиноӣ, аз дуздиву қаллобӣ то қочоқу ғоратгариву куштор ва ҷиноятҳои дигар  таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд.

 Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Ҳамаи инҳо сиёсӣ нестанд. Дар раванди тафтишот як амри маъмул аст, ки вақте тафтишот мутмаин мешавад, ки гумонбаршаванда алакай тарки Тоҷикистон кардааст, барои таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузоштани ӯ иқдом мекунанд. Байни кишварҳои СНГ дар ин робита Паймони Минск аз соли 1993 дар бораи кумакҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар робита ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ амал мекунад ва нахустин коре, ки анҷом мегирад, бо истифода аз Паймони Минск дар қаламрави СНГ таҳти ҷустуҷӯ қарор додани нафарони фироркарда аст. Ба фарқ аз Интерпол, ки раванди ба рӯйхаташ ворид кардани шахсони таҳти ҷустуҷӯ хеле мураккаб буда, вақти зиёдеро талаб мекунад, дар қаламрави СНГ таҳти ҷустуҷӯ қарор додани афроде, ки ин ё он кишвар ҷустуҷӯ дорад, қариб автоматӣ сурат мегирад. Азбаски бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон баъди анҷоми ягон амали ҷиноӣ ба Русия фирор мекунанд, пеш аз ҳама дар кишварҳои СНГ ҷустуҷӯ кардани онҳо як шеваи пурсамари ҷустуҷӯст ва ҳар сол кишварҳои СНГ, асосан Русия, садҳо ҷинояткорро дастгир карда, ба Тоҷикистон месупоранд”.

Манбаи “Бомдод” гуфт, мақомоти Интерпол ба дархостҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷустуҷӯи шаҳрвандонаш вақтҳои охир хеле бо эҳтиёт бархӯрд мекунад, хусусан агар парвандаҳо бар асоси моддаи машҳури 307 ва 4 иловаи ин модда бошанд.

“Дар Интерпол ҳам фаҳмидаанд, ки мақомоти Тоҷикистон аз моддаи 307 барои парвандаҳои сиёсӣ зиёд сӯиистифода мекунад ва чунин парвандаҳоро хеле бо таваҷҷуҳ меомӯзанд. Ба ин хотир, ҳоло дар Душанбе талош мекунанд, то парвандаи фаъолони мухолифинро бо моддаҳои дигар, барои мисол бо моддаи қаллобӣ бандубаст кунанд”, нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Онҳое, ки мехоҳанд дар рӯйхатти сиёҳи Русия будан ё набудани номашонро бисанҷанд, метавонанд ба ин суроға бираванд ва ному насаб, соли таваллуд ва почтаи электронии худро навишта,  аз дасти якум маълумот бигиранд, ки оё онҳо дар Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ё на? Айни корро онҳо метавонанд дар сомонаи Медиазона анҷом диҳанд.

Ӯ афзуд, ки ВКД Русия ҳар номеро, ки аз Душанбе барои ҷустуҷӯ диҳанд, бидуни ягон тафтиш дар рӯйхати ҷустуҷӯи федералӣ ворид мекунад. Ин корро ҳатто шуъбаҳои алоҳидаи пулиси Русия низ метавонанд мустақилона анҷом бидиҳанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, ҷониби Русия танҳо баъди муайян кардани макони будубошт ва дастгир кардани нафари ҷустуҷӯшаванда ҷониби Тоҷикистонро аз боздошти ӯ хабардор карда, тафсилоти парвандаашро тақозо мекунад.

Онҳое, ки мехоҳанд дар рӯйхатти сиёҳи Русия будан ё набудани номашонро бисанҷанд, метавонанд ба ин суроға бираванд ва ному насаб, соли таваллуд ва почтаи электронии худро навишта,  аз дасти якум маълумот бигиранд, ки оё онҳо дар Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ё на? Айни корро онҳо метавонанд дар сомонаи Медиазона анҷом диҳанд.

https://xn--b1aew.xn--p1ai/wanted
https://zona.media/article/2024/02/13/wanted?fbclid=IwAR3sVcIkZrXNNQuYl2QOgebKk03n0TNKE18Lkk_f3EIjRADGDrmASg4Do78#find-mia

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button