ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ФОҶИАВИИ СЕ УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ҲИСОР АЗ ДУДИ АНГИШТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз марги фоҷиавии боз се узви як оила дар Ҳисор аз дуди ангишт хабар дод. Дар як ҳафтаи охир сардиҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва атрофи он сабаби марги инак, дастикам 12 нафар шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, шаби 4 ба 5 марти соли 2024 се узви як оилаи сокини деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ дар канори шаҳри Ҳисор аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Падари ин хонавода 60 сол, ҳамсари ӯ 54 сол дошта, духтари ҷавонмаргшудаи онҳо ҳамагӣ 15 сол доштааст.

Дар робита ба ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба наздикон ва пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ карда, бори дигар аз сокинон хостааст, ки тамоми қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. “Як бори дигар бухорӣ (печка) ва дудбароҳоро тафтиш кунед! Худатон ва наздиконатонро эҳтиёт кунед!” – таъкид шудааст дар муроҷиатномаи ин ниҳод.

Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ дар деҳаи Турушбоғ дар даст нест. Маълум нест, ки аҳли ин оила аз дуди бухорӣ (печка) заҳролуд шудаанд ё сандалӣ шинонда буданд?

Деҳаи Турушбоғ дар як минтақаи дурдасти дараи Алмосӣ дар масофаи 24-километрии шимоли шаҳри Ҳисор ва 44-километрии шимолуғарби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин ҳолати ҳалокати фоҷиавии сокинон дар Душанбе ва атрофи он бар асари ҳодисаҳои фавқулоддаи марбут ба сардиҳои ахир дар Тоҷикистон аст.

Шаби 27 ба 28 феврал дар маҳаллаи Гравзавод дар канораҳои ҷанубии пойтахти Тоҷикистон 6 узви оилаи Музаффар Давлатов: худи ӯ, ҳамсар ва 4 фарзанди хурдсолаш аз дуди хокистар ҷони худро аз даст доданд. Он шаб дар маҳаллаи Гравзавод нирӯи барқро хомӯш карда буданд ва Музаффар Давлатов барои онки фарзандонаш хунук нахӯрданд, дар дохили ҳуҷра дар як тағора алов кардааст. Ҷасадҳои алакай беҷони 6 узви ин оиларо ҳамсояҳо рӯзи 28 феврал, соати 11 вақте пайдо карданд, ки тирезаи хонаро шикаста, даромаданд. Аз ин оилаи иборат аз 7 нафар танҳо писари калонӣ Абӯбакр, ки он шаб дар хонаи бобояш буд, зинда монд.

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов, ки худ дар Душанбе бо аҳли оилааш дар ҳуҷраи танги як хобгоҳ ба сар мебарад,  гуфт, як шаб пеш аз ҳодиса ба писараш занг зада, гуфтааст, ҳамсару ҳамаи кӯдаконашро гирифта ба назди ӯ ояд. Аммо Музаффар Давлатов рад карда, гуфтааст, дар хона лахча рӯшан мекунад, то фарзандонаш хунук нахӯранд: “Гуфтам, ки сандалӣ накун, ту ҷойи печка дорӣ, ҳезум дорӣ, хона биё, саҳарӣ рафта печката мегузорем. Аммо гуфт, ки агар ба хонаи ман биёяд, зуком аз фарзандони ӯ ба кӯдакони дигар мегузарад. Саҳар хеста чанд маротиба ба писарам ва келин занг задам, ҷавоб надоданд

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов, мегӯяд, писараш шаби ҳодиса сандалӣ карда, аммо тағораро на дар зери миз, балки дар болои он мондааст. “Як қисми миз сӯхтааст. Агар тағораро дар зери миз монда, дар болояш кӯрпа мемонданд, шояд ин ҳодиса рух намедод. Гармиаш барояд гуфта, дар болои миз мондаанд,” – нақл кардааст падари мотамзада.

Ҳамчунин рӯзи шанбе, 2-юми марти соли 2024, соати 13:02 дар 2-юм гузаргоҳи кӯчаи Хайрулло Мирзо хонаи 41, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омада, боиси ҳалокати се кӯдаки хурдсол шуд.

ВКД гуфт, “мутаассифона, дар натиҷаи ҳодисаи мазкур аз сабаби бе назорат гузоштан ноболиғон Узоқов Абдурасул, с.т. 2020, Узоқова Зӯҳро, с.т. 2021 ва Узоқова Зайнаб, с.т. 2023. дар дохили хона аз дуди ғализ заҳролуд гардида, ба ҳалокат расиданд”.
ВКД гуфт, “сабаби ҳодисаи мазкур,тибқи азназаргузаронии пешакии ҷои ҳодиса, ин бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор) мебошад”.

Тоҷикистон дар поёни моҳи феврал ва рӯзҳои аввали моҳи март бо боришоти барф ва сардии барои ин фасли сол дар ин кишвар бесобиқа рӯбарӯ шуд. Камбуди шадиди нирӯи барқ дар ин рӯзҳои сард зиндагии мардумро дар кишвар боз ҳам мушкилтар сохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button