ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 47 500 ДОЛЛАР ВА БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ДУЗДИИ ПУЛУ ҶАВОҲИРОТ
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/02/каллоби-генерик2.jpg?resize=780%2C470&ssl=1)
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 4 марти соли 2024
Қаллобӣ ба маблағи 47 ҳазору 500 доллар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи декабри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ», арзишаш 31 ҳазор доллари амрикоӣ ва бар илова, боз 16 ҳазор доллари нақдро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст. Дар натиҷа гумонбаршаванда ба ҷабрдида ба маблағи 47 ҳазору 500 доллари амрикои зарари калони пулӣ расонидааст.
Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дуздии маблағ ва ҷавоҳироти тиллои аз хонаи истиқоматӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии бародараш марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада аз онҷо 2 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро, ки арзиши умумиашон 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 36-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.