ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ПУТИН ЁРОНИ НАЗДИКТАРИНАШ ШОЙГУ ВА ПАТРУШЕВРО АЗ МАНСАБ БАРКАНОР КАРД

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳайъати ҳукумати ин кишвар чанд тағйироти кадрии калидӣ ба амал овард, ки аз ҳама муҳимтаринаш, албатта, барканории яке аз ёрони наздику деринааш Сергей Шойгу аз мақоми вазири мудофиа ва таъйини ӯ ба мансаби котиби Шӯрои амният ба ҷои Николай Патрушев, яке дигар аз ёрони хеле наздику деринаи Путин аст. Патрушевро нозирони умур ҳатто дуюмин шахсияти баъди Путин аз ҳама пурнуфуз дар арши сиёсии Русия ва вориси эҳтимолии Путин мешумурданд.

Ба кадом мансаб таъйин шудани Патрушев ҳанӯз маълум нест, вале ба ҷои Шойгу Андрей Белоусов, ки дар ҳукумати қаблии Русия муовини аввали нахуствазир буд, таъйин шудааст.

Баъди Анатолий Сердюков ва Сергей Шойгу, Андрей Белоусов, инак, сеюмин вазири мудофиаи Русия аст, ки на аз байни генералҳои артиш, балки аз берун ба раҳбарии ин вазорат таъйин карда мешавад. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар шарҳи ин иқдом гуфт, сабаби таъйини нафари мулкӣ ба раҳбарии вазорати дифоъ зарурати ворид кардани навовариҳо ва ақидаҳои пешқадам ба соҳаи ҳарбӣ бо дарназардошти беш аз ду маротиба афзудан ва аз 3% то 6,7% расидани ҳиссаи хароҷоти ҳарбии Русия дар буҷаи умумии ин кишвар аст. Песков гуфт, “масоили ҳарбии соҳа дар ихтиёри Генштаб (Ситоди кулли артиши Русия боқӣ мемонад ва дар ин бахш дар ҳоли ҳозир тағйироте дар нақша нест”.

Генерал Валерий Герасимов, ки аз мухолифони ошкори шеваи раҳбарии Шойгу ба шумор мерафт, ба ин тартиб, мақоми сардори ситоди кулли артиши Русияро пеши худ ҳифз кардааст. Шойгу, ки аз вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба раҳбарии вазорати мудофиаи Русия оварда шуда буд, дар байни генералҳои рус обрӯи чандоне надошт ва нокомиҳои артиши Русия дар ҷанги зидди Украина обрӯи ӯро боз ҳам пойинтар бурда буд.

Дар тобистони соли 2023 як далели шӯриши зархаридони ЧВК “Вагнер” ба раҳбарии Евгений Пригожин ва юриши онҳо ба сӯи Маскав низ талаби истеъфои Шойгу буд.

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Русия дар пайи адои савганди нави президентии Путин аст, ки дар пайи он ҳукумати қаблӣ ба истеъфо рафт.

Дар ҳукумати нави Русия чанде дигар аз вазирони калидӣ мансабҳои худро ҳифз кардаанд. Аз ҷумла Михаил Мишустин дар мақоми сарвазир, Сергей Лавров дар мансаби вазири корҳои хориҷӣ ва Владимир Колоколтсев, бо вуҷуди овозаҳои зиёди моҳҳои охир дар мавриди эҳтимоли барканориаш, дар маснади вазири корҳои дохилии Русия боқӣ монданд.

Ҳукумати Русия аз сарвазир, як муовини аввал, 9 муовини сарвазир ва 20 вазир иборат аст. Ҳайъати нави ҳукуматро (ба истиснои вазирони қудратӣ) сарвазир Мишустин пешбарӣ кард ва бояд ҳарду маҷлиси парлумони Русия номзадҳои ба ҳайъати ҳукумат пешбаришударо тасвиб кунанд. Номзадҳо ба вазоратҳои қудратиро дар мувофиқа бо Путин алоҳида пешбарӣ мекунанд.

Мишустин ба мақоми муовини аввали сарвазир Денис Мантуровро, ки аз соли 2012 вазири саноат ва савдо буд, пешбарӣ кардааст.

Виталий Савелёв, ки то ҳол вазири нақлиёт буд, муовини сарвазир дар умури нақлиёту боркашонӣ шуда, Дмитрий Патрушев, вазири ҳамакнун собиқи кишоварзии Русия, аз ин ба баъд ҳамчун муовини сарвазир соҳаҳои кишоварзӣ, агросаноатӣ ва экологияро раҳбарӣ хоҳад кард.

Александр Новак муовини сарвазир дар умури соҳаҳои иқтисодӣ, Дмитрий Григоренко муовини сарвазир дар умури молияву соҳаҳои назоратӣ ва ҳамчунин рушди рақамӣ ва сиёсати зиддимонополӣ мешавад.  Дмитрий Чернишенко ҳамчун муовини сарвазир масъули соҳаҳои илму маормф, варзишу ҷавонон, табъу нашр, матбуот ва сайёҳӣ шуда, Татяна Голикова соҳаҳои тандурустӣ, меҳнат, фаршанг ва умури миллатҳоро зери дасти худ мегирад.

Алексей Оверчук, Юрий Трутнев ва Марат Ҳуснуллин ҳамчун муовинони сарвазир боқӣ монда, аввалӣ масъули созмонҳои минтақавӣ, дувумӣ масъули рушди Шарқи дур ва Ҳуснуллин масъули соҳаи сохтмон хоҳанд буд.

Мишустин волии вилояти Калининград Антон Алихоновро ба мақоми вазири саноату савдо, волии вилояти Курск Роман Старовойтро ба мақоми вазири нақлиёт ва волии вилояти Кемерово, шавҳари ҷияни Путин Сергей Тсивилевро ба мансаби вазири энергетика ва волии кишвари Хабаровск Михаил Дегтярёвро ба мақоми вазири варзиш пешбарӣ кардааст. Оксана Лут ба маснади вазири кишоварзӣ пешбарӣ шудааст. Хонум Лут то ҳол муовини аввали вазир буд.

11 вазири дигар мақомҳои қаблии худро ҳифз кардаанд:

– Антон Котяков (вазири меҳнат),

– Александр Козлов (вазири захираҳои табиӣ ва экология),

– Сергей Кравтсов (вазири омӯзиш),

– Ольга Любимова (вазири фарҳанг),

– Максим Решетников (вазири рушди иқтисод),

– Антон Силуанов (вазири молия),

– Михаил Мурашко (вазири тандурустӣ),

– Ирек Файзуллин (вазири сохтмон),

– Валерий Фалков (вазири маориф ва илм),

– Алексей Чекунков (вазири рушди Шарқи дур ва Арктика),

– Максут Шадаев (вазири рушди рақамӣ).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button