ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАШТИ МАЛЛАИ ПАНҶАКЕНТ ВА ДАР КӮШОНИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистоназ ду садамаи марговар дар Панҷакент ва Кӯшониён хабар дод.

Шаби 3-юми марти соли 2024, тахминан соати 22:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Каттабоев Умар Насимович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Суҷинаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент», дар километри 79-ум, дар ҳудуди деҳаи Дашти Маллаи ҷамоати деҳоти Суҷина аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби дар тарафи рости роҳ буда бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда Каттабоев У.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёии беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин субҳи 4-уми марти соли 2024, тахминан соати 07:45, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Каримов Умедҷон Эмомуддинович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Очилова Муҳаббат Раҷабгуловна, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст. Дар натиҷа, Очилова М.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ин ду ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Мутаассифона, даҳҳо нафар аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасони ноболиғанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button