ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ЁВОН МАРКАЗИ САВДОИ “ҲАМДИЛОН” БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Шаби 3-марти соли 2024, соати 20:25 дар  маркази савдои “Ҳамдилон”, воқеъ дар кӯчаи Раҷабалӣ Раҷабов дар маркази ноҳияи Ёвон сӯхтор ба амал омад. Дар ин маркази савдо фурӯшгоҳҳо,бонк ва дигар нуқтаҳои хидматрасонӣ ҷойгир шудааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи сӯхтор, алангаи оташ нуқтаҳои савдо ва хизматрасониро дар масоҳати 420 метри мураббаъ фаро гирифта, хафви паҳншавии он ба миён омада буд.
ВКД гуфт, дар натиҷаи сафарбар намудани қувва ва воситаҳои хадамоти сӯхторнишонӣ сӯхтор дар масоҳати авалааш  дар соати 23:55 бо пуррагӣ хомӯш карда шуд. Яъне фурӯ нишондани сӯхтор дар Ёвон сеюним соатро дар дар гирифтааст.

ВКД дар бораи сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари расондааш ҳанӯз чизе нагуфтааст. Дар иттилоия танҳо гуфта шудааст, ки “сабаби ҳодисаи мазкур ва зарари он аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад”.

Шаҳраки Ёвон дар тақрибан 55-километрии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тақрибан 250 ҳазор аҳолӣ дошта,  яке аз марказҳои саноатии ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бино ба омори расмии ВКД, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1236 сӯхто рух дода, сабаби марги 23 нафар шудааст. Ҳаҷми зарари расида аз ин офатҳо 47 миллиону 861 ҳазор сомониро ташкил додааст. Соли 2022 бар асари 1234 сӯхтор дар Тоҷикистон 18 нафар ҷон бохта буд.

https://www.facebook.com/reel/1377036946269502

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button