ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ СЕ ТИФЛИ МАЪСУМ БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 4 марти соли 2024 бо нашри ду акс аз ҷои ҳодиса ҳалокати се тифли хурдсол бар асари сӯхтор дар як манзил дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо тасдиқ кард. Ин тифлакон ҳамагӣ аз як то чор сол доштаанд.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи шанбе, 2-юми марти соли 2024, соати 13:02 дар 2-юм гузаргоҳи кӯчаи Хайрулло Мирзо хонаи 41, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст.

ВКД мегӯяд, бо сафарбар кардани қувваву воситаҳо сӯхторхомӯшкунии ВКД  оташ дар масоҳати хурди паҳншавӣ хомӯш карда шуд, вале “мутаассифона, дар натиҷаи ҳодисаи мазкур аз сабаби бе назорат гузоштан ноболиғон Узоқов Абдурасул, с.т 2020, Узоқова Зӯҳро, с.т 2021 ва Узоқова Зайнаб, с.т 2023. дар дохили хона аз дуди ғализ заҳролуд гардида, ба ҳалокат расиданд”.
ВКД гуфт, “сабаби ҳодисаи мазкур,тибқи азназаргузаронии пешакии ҷои ҳодиса, ин бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор) мебошад”.

Гуфта мешавад, зарари расонидашуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад. Аммо ҳайфи се тифли хурдсол, ки ба чунин сурати фоҷиабор ғӯррамарг шуданд.

Кӯчаи Хайрулло Мирзо (собиқ кӯчаи Репин) дар маҳаллаи паси собиқ бозори Шоҳмансур, ки бо номи “маҳаллаи Чехов” машҳур аст, дар наздикии мактаби №35 ҷойгир шуда, бо 5 гузаргоҳаш яке аз кӯчаҳои аз ҳама бузурги пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бар асари ҳавои фавқулодда сард ва бориши барфи ногаҳонӣ дар рӯзҳои аввали фасли баҳор ба як буҳрони шадид дучор шуд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳодисаи ҳалокати фоҷиавии сокинон дар пойтахт ба иллатҳоест, ки манбаи аслиаш ҳамин сардиҳои фавқулодда аст.

Тавре қаблан хабар додем, шаби 27 ба 28 феврал дар маҳаллаи Гравзавод дар канораҳои ҷанубии пойтахти Тоҷикистон 6 узви оилаи Музаффар Давлатов: худи ӯ, ҳамсар ва 4 фарзанди хурдсолаш аз дуди хокистар ҷони худро аз даст доданд. Он шаб дар маҳаллаи Гравзавод нирӯи барқро хомӯш карда буданд ва Музаффар Давлатов барои онки фарзандонаш хунук нахӯрданд, дар дохили ҳуҷра дар як тағора алов кардааст. Ҷасадҳои алакай беҷони 6 узви ин оиларо ҳамсояҳо рӯзи 28 феврал, соати 11 вақте пайдо карданд, ки тирезаи хонаро шикаста, даромаданд.

Аз ин оилаи иборат аз 7 нафар танҳо писари калонӣ Абӯбакр, ки он шаб дар хонаи бобояш буд, зинда монд.

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов, ки худ дар Душанбе бо аҳли оилааш дар ҳуҷраи танги як хобгоҳ ба сар мебарад,  гуфт, як шаб пеш аз ҳодиса ба писараш занг зада, гуфтааст, ҳамсару ҳамаи кӯдаконашро гирифта ба назди ӯ ояд. Аммо Музаффар Давлатов рад карда, гуфтааст, дар хона лахча рӯшан мекунад, то фарзандонаш хунук нахӯранд: “Гуфтам, ки сандалӣ накун, ту ҷойи печка дорӣ, ҳезум дорӣ, хона биё, саҳарӣ рафта печката мегузорем. Аммо гуфт, ки агар ба хонаи ман биёяд, зуком аз фарзандони ӯ ба кӯдакони дигар мегузарад. Саҳар хеста чанд маротиба ба писарам ва келин занг задам, ҷавоб надоданд

Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов, мегӯяд, писараш шаби ҳодиса сандалӣ карда, аммо тағораро на дар зери миз, балки дар болои он мондааст. “Як қисми миз сӯхтааст. Агар тағораро дар зери миз монда, дар болояш кӯрпа мемонданд, шояд ин ҳодиса рух намедод. Гармиаш барояд гуфта, дар болои миз мондаанд,” – нақл кардааст падари мотамзада.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button