ВидеоТаърихТоҷикистонҲуқуқи инсон

ҲАМАГӢ 12 СОЛ ҲУКМИ МУҲОФИЗИ ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ


Мирзонабии Холиқзод


Як сокини вилояти Хатлонро ба гуноҳи куштори даҳҳо нафар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.  

Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-Командир, ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила даст дошт. Ҳодиса тирамоҳи соли 1992 рӯй додааст.

Ба нақли яке аз ширкатдорони мурофиа, Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов дар сухани охирин дар додгоҳ гуфтааст, ҳамроҳи силоҳдорон дар ҷойи ҳодиса буд, аммо касеро накушт. Пайвандони қурбониён ҳукмро “сабук” дониста, бозбинии онро талаб доранд.

Ҳукмро додраси Додгоҳи шаҳри Бохтар, Наҷмиддин Садриддинзода, рӯзи 23-юми феврали имсол содир кард. Тибқи он, Юсуф Солиҳов ҷазоро дар зиндони низомаш сангин мегузаронад.

Яке аз манобеи огоҳ гуфт, “Солиҳов бар асоси банди 104 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштани ду нафар ё аз он бештар гунаҳкор дониста шуд. Пештар додситон ба ӯ 15 сол зиндон талаб карда буд.”

Солиҳовро дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристоданд. Мақомоти Тоҷикистон аз он вақт то ҳоло дар бораи ҳодиса ҳарфе нагуфтаанд.

Додситонии кулли Русия рӯзи 4-уми июли соли 2023 дар саҳифааш дар Телеграм навишта буд, ки куштори аъзои як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира иттифоқ уфтодааст. Дар изҳороти додситонии кулли Русия гуфта мешуд, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд”.

“Ҳадафи онҳо ғоратгарӣ ва азхудкунии моликият будааст. Пас аз қатли аъзои хонавода, гурӯҳи Солиҳов ҷасадҳоро бензин рехта, бо мошини ҷабрдидаҳо аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Дар ин куштор ду нафар ҷон ба саломат бурданд,” – иттилоъ дода буд додситонии кулли Русия.

Яке аз онҳое, ки дар ин ҳодиса зинда мондааст, Бахтовар Абдуллоев аст. Вай гуфт, он замон ҳамагӣ 11 сол дошт.

“Нӯҳ мард ва сездаҳ зан, аз ҷумла хоҳаронам, модар ва бибиямро куштанд. Қурбониён аз 10 то 55 сол доштанд. Аммаам, Бибихол, зинда монд,” — нақл кард Бахтовар Абдуллоев.

Кӯшиш барои суҳбат бо наздикони Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов то ин дам натиҷа надод. Ба иттилои Бахтовар Абдуллоев, худи ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, “ҳамроҳи шахсони мусаллаҳ дар манзили зисти кушташудаҳо буд, вале тир назад ва касеро накушт”.

“Додрас аз Юсуф Солиҳов пурсид, ки чаро пеши роҳи дигаронро нагирифт ва касеро наҷот надод?, дар посух “намедонам” гуфт,” – нақл кард Бахтовар Абдуллоев.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.

Аммо бисёре аз ҷиноятҳои ҷанги солҳои 90 дар Тоҷикистон то ҳанӯз нокушода боқӣ мондааст.

Манбаъ: радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ Озодӣ)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, ғояҳои ғалати ҳар ҳизбу гурӯҳ торик аст! гуяд:

    Додгоҳҳои Тоҷикистон ҷиноятҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро “рӯйи об” мебарорад, то ба наҳзатиҳо ва иттифоқчиёнашон гушзад намояд, ки бале мо ҷиноятҳои “фронти халқӣ”-ро фаромӯш накардаем, муҳокима мекунем, ҷиноятҳои шумо низ дар пеш аст.
    “Никто не забыт ничто не забыто”

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button