БОЗ ЯК КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУАЙЯН КАРДА ШУД

Мақомоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 18 феврали соли 2024 бо нашри як иттилоияи кӯтоҳ хабар доданд, ки рӯзҳои 11-18 феврали соли 2024 дар шаҳри Бустони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки “дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимонда корҳои муштараки саҳроӣ гузаронида, дар натиҷа 1,11 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа  карданд”.

Дар бораи ин ки ин қитъаи мувофиқашуда дар кадом қисмати марз ҷойгир шудааст?, тафсилоте дода нашудааст. Аммо инки дар давоми як ҳафтаи музокирот тарафҳо дар мушаххас кардани хатти марз ҳамагӣ як километр пеш рафтаанд, нишон медиҳад, ки навбати баррасии қитъаҳои аз ҳама мушкил расидааст.

 Дар иттилоия танҳо афзуда шудааст, ки “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид” ва ин навбат, “ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд”.

Ба ин тартиб, то имрӯз аз 987,6 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай беш аз 890 километраш муайян карда шуда, ҳамагӣ 97 километри дигари ин марз муайянношуда боқӣ мемонад. Қаблан, рӯзи 8 феврал Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ин кумита гуфт, дар давоми соли 2023 боз 169 километру 480 метр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян карда шуда, дар умум алакай 889 километру 450 метри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа карда шудааст.

Ҳарду ҷониб аз гуфтани ҷузъиёти музокироти марзӣ ва инки пешрафтҳои ахир дар амри таъйин ва аломатгузории ин мушкилтарин марз дар Осиёи Марказӣ дар асоси чӣ гузаштҳое аз тарафи ҷонибҳо ба даст омадааст?, худдорӣ мекунанд. Махфӣ гузаштани музокироти марзӣ мардумро, ба хусус сокинони манотиқи наздимарзиро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медорад.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар 4 моҳи охир ду ҷониб тавонистанд алакай 192 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи декабр изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷониби Тоҷикистон ин хушбинии ҷониби дигарро мустақиман тасдиқ ё рад накардаст, вале рӯзи 10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки созишномаи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли ҷорӣ ба имзо мерасад.

Фидон гуфт, “умедворем, ки Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март ба баҳсҳои марзии худ нуқта гузошта, ба сӯи амнияту субот дар минтақа қадами бузурге бигузоранд”.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то чанд моҳи пеш танҳо чизе бештар аз 600 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, аз хизмати аскарӣ гурехтам! гуяд:

    Қирғизистон худсарона талош кард, ки сарҳади давлатиро бо роҳи низомӣ ҳал кунад, аммо Тоҷикистон худсарона қирғизҳоро сари мизи музокирот шинонд. Умедворем, ки ба ягон ваҷаб обу хоки Тоҷикистон хиёнат нашуда бошад!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button