БАРКАНОРИИ ЧАНД РАҲБАРИ БАЛАНДПОЯИ КУМИТАИ АМНИЯТ ВА ЯК МУОВИНИ БЕГ САБУРУ ЯК МУОВИНИ ДАВЛАТЗОДА

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 феврали соли 2024 “кадрҳоеро, ки аз ҳисоби ҷавонони кордону лаёқатманд дар вазифаҳои сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати такмили сатҳи забондонӣ, иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, таъмини амнияту субот ва волоияти қонун дар мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дод”.

Тафсилоти дигари ин мулоқот, номи нафарони ба мақомҳои сардорони раёсатҳои КДАМ таъйингардида нашр нашудааст. Хадамоти матбуоти президент аз рафти ин мулоқот ягон акс ҳам нашр накард. Манобеи огоҳ расонаӣ накардани маълумоти марбут ба кормандони фаъоли Кумитаи амниятро ба вижагиҳои кори ин идора рабт медиҳанд. Аммо ба гуфтаи ин манобеъ, тағйироти кадрӣ дар дохили КДАМ низ мисли тағйироти кадрии чанд рӯз пеш дар мақомҳои роҳбарии ВКД сурат гирифт. Ва агар дар ВКД афроди наздик ба вазири кунунии корҳои дохилӣ генерал Рамазон Раҳимзода, аз ҷумла домодаш генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори ҳамакнун собиқи УБОП барканор шуда бошанд, дар Кумитаи амният мақомҳои баландпояи наздик ба раиси кунунии КДАМ генерал Саймумин Ятимов иваз карда шуданд.

Чанд рӯз пеш хабар омада буд, ки генерал Нусратулло Мирзозода ҳам аз мақоми муовини раиси КДАМ озод ва сардори раёсати амнияти миллии вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Қарори маълум, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 январ раҳбарони қариб ҳамаи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии вилояти Хатлонро аз мансабҳояшон барканор кард.

Рӯзи 9 феврал Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо имзои қарорҳои ҳукумат Илҳомҷон Атоевро аз мақоми муовини сардори Хадамоти алоқа ва Ҷалолиддин Пириевро аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.  Илҳомҷон Атоев дар нишастҳои хабарии Хадамоти алоқа бо хабарнигорон ба ҷои сардори Хадамот Бег Сабур суҳбат мекард.

Ҳам Пириев ва ҳам Атоев ба сабаби “ба кори дигар гузаштан” барканор шудаанд, вале дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани онҳо маълумоте нашр нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 феврал ҳамчунин Парвиз Муҳаммадзодаро аз мақоми муовини сардори Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва Дилшод Иброҳимзодаро аз мақоми муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ барканор ва Мумин Шарифзодаро ба ҷои Иброҳимзода таъйин кард. Мумин Шарифзода то чанд рӯзи пеш ректори Донишгоҳи тиҷорат, ҳуқуқ ва сиёсат дар Хуҷанд буд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 9 феврали соли 2024 №46
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Пириев Ҷ.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Пириев Ҷалолиддин Сафарович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 9 феврали соли 2024 №47
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини сардори Хадамоти
алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Атоев И.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Атоев Илҳомҷон Ҷалолович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иброҳимзода Дилшод Эмом бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
9 феврали соли 2024
№АП-514

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
9 феврали соли 2024
№АП-515

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарифзода Мумин Машокир муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
9 феврали соли 2024
№АП-516

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони
вилояти Хатлон озод намудани Қодирӣ Ф.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қодирӣ Фируз Абдуҷаббор бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
9 феврали соли 2024
№754

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button