ЧОРКӮҲ Ё БЕКӮҲ? АЛАКАЙ 889 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУАЙЯН ШУДААСТ (ВИДЕО)

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон, рӯзи 8 феврали соли 2024 дар нишасти хабарии ин кумита гуфт, дар давоми соли 2023 боз 169 километри 480 метр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян карда шуд. Ба гуфтаи Хоҷазода, то имрӯз аз 987,6 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай 889 километру 450 метраш муайян карда шуд ва ҳамагӣ 98 километри дигари ин марз муайянношуда боқӣ мемонад.

Аммо мансабдори тоҷик аз гуфтани ҷузъиёти музокироти масоили марз бо Қирғизистон ва инки пешрафтҳои ахир дар амри таъйин ва аломатгузории ин мушкилтарин марз дар Осиёи Марказӣ дар асоси чӣ гузаштҳое аз тарафи ҷонибҳо ба даст омадааст?, худдорӣ кард ва гуфт, бар асоси тавофуқи байни Душанбеву Бишкек “то замони мувофиқаи ниҳоӣ мазмуну муҳтавои протокол ва санадҳо оид ба корҳои иҷрошуда бояд махфӣ боқӣ бимонад”.

“Вақте музокирот ба анҷом мерасад, варақаи матбуотӣ бо мувофиқаи якдигар пахш мешавад. Ончӣ, ки маълумот дода мешавад, бо мувофиқаи ду тараф расонаӣ карда мешавад. Аз хабарнигорон хоҳиш мекунам, ки ин ҳолати моро дарк кунед”, – гуфт Ориф Хоҷазода хитоб ба журналистоне, ки аз ӯ дар бораи тафсилоти бештари музокироти марзӣ мепурсиданд.

Аммо махфӣ гузаштани музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон мардумро, ба хусус сокинони манотиқи наздимарзиро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медоранл. Онҳо дар ташвишанд, ки дар ин муомилаҳои марзӣ мабодо заминҳои бобоияшон дар ҳудуди кишвари ҳамсоя бимонад.

Аз ҷумла сокинони Чоркӯҳ, деҳа ва ҷамоати бузурге дар канори шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ки бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст, бо ирсоли акси харитаҳои ин маҳал ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки хатти марз бо Қирғизистон дар ин қисмат дар ин охирҳо хеле тағйир ёфтааст ва сокинони Чоркӯҳу ҷамоати Сурх тақрибан бидуни чарогоҳ монданд.

“Пеш чарогоҳ зиёд буд. Чорворо ба чор кӯҳи атроф ба чаро мебурдем. Ҳоло намонд ягон чарогоҳ. Мардум ҳатто шӯхиомез мегӯянд, ки ин дигар Чоркӯҳ нест, Бекӯҳ гуфтан гиред”, – мегӯянд сокинон.  Ин дар ҳолест ки аз кадом қисмат гузаштани хатти марзи Чоркӯҳ, ки яке аз мушкилтарин қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва яке аз арсаҳои асосии муноқишаҳои хунин дар марзи ин ду кишвар, то кунун расман эълон нашудааст.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар 4 моҳи охир ду ҷониб тавонистанд алакай 191 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи декабр изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷониби Тоҷикистон ин хушбинии ҷониби дигарро мустақиман тасдиқ ё рад накардаст, вале рӯзи 10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки созишномаи таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли ҷорӣ ба имзо мерасад.

Фидон гуфт, “умедворем, ки Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март ба баҳсҳои марзии худ нуқта гузошта, ба сӯи амнияту субот дар минтақа қадами бузурге бигузоранд”.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то чанд моҳи пеш танҳо чизе бештар аз 600 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button