ВидеоСиёсатЧеҳраҳо

МАВСУМА МУИНӢ БА ҶОИ ДИЛРАБО МАНСУРӢ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ИНТИХОБ ШУД

Рӯзи 7 феврали соли 2024 дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон масъалаи интихоби муовини нави раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст. Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки ба ин мақом вакилон Муинӣ Мавсума Муинзодаро интихоб кардаанд. Мавсума Муинӣ дар пайи ин аз ҳайъати кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бароварда шуд.

Курсии муовини раиси Маҷлиси намояндагон аз рӯзи 29 январи соли 2024 дар пайи ба ҷои Матлубахон Сатториён муовини сарвазир интихоб шудани Дилрабо Мансурӣ холӣ шуда буд. Рӯзи 29 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Матлубахон Сатториро ба ҷои Зулфия Давлатзода вазири фарҳанг таъйин карда, ба ҷои Сатториён ба мақоми муовини сарвазир оида ба масоили фарҳангу зан ва оила Дилрабо Мансуриро аз  парлумон овард.

Вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 7 феврал дар иҷлосияи панҷуми ин палатаи парлумон ҳамчунин фармонҳои президент аз санаи 16 январи соли 2024 дар бораи таъйини Фирдавс Толибзода ба мақоми раиси Бонки миллӣ, таъйини Фирӯз Шарифзода ба мақоми муовини аввали раиси ин ниҳод ва таъйини Сироҷиддин Икромӣ ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ кардаанд.

Мавсума Муинӣ рӯзи 16 июли соли 2023 ба намояндагӣ аз ҳизби ҳокими халқию демократии Тоҷикистон дар интихоботи миёндавраии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи №13 шаҳри Хуҷанд ғолиб омада, вакили парлумон шуда буд ва то имрӯз дар кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният фаъолият дошт.

Аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон беш аз 50 курсиаш дар дасти намояндагони ҳизби ҳоким ва чанд курсии боқимондааш дар дасти вакилон аз чанд ҳизби дигари низ тарафдори ҳукумат қарор дошта, ягон ҳизби мухолиф дар парлумони Тоҷикистон ягон намоянда надорад. Мухолифин мақомотро ба он айбдор мекунанд, ки ба ҷуз аз номзадҳои ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои тарафдори ҳукумат, ки асосан ба хотири “демократӣ” ҷилва додани интихобот танҳо барои “намуд” сабти ном мешаванд, номзадҳои дигарро ба маъракаҳои интихоботӣ роҳ намедиҳад.

Мавсума Муинӣ аз кадрҳои ҷавон ва ояндадори ҳукумати кунунӣ ба шумор рафта, бо вуҷуди синни ҷавонаш алакай таҷрибаи кор дар чандин мансаби баландро дорад.

Муинӣ Мавсума Муинзода 8-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1998 мактаби миёнаи №23-и шаҳри Хуҷандро бо медали тилло ва соли 2003 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро низ бо дипломи аъло хатм кардааст ва соли 2019 маълумоти дуюми худро аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба даст овардааст.  

Мавсума Муинӣ то соли 2009 дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарс дода, аз соли 2009 ба ҳайси муовин ва аз соли 2014 то 2017 ба ҳайси муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон кор кард.

12-уми январи соли 2017 дар пайи ба мақоми шаҳрдори пойтахт расидани писари калонии президент Рустами Эмомалӣ, Мавсума Муинӣ ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардида, 5 сол дар ин вазифа кард. Ӯ 26-уми январи соли 2022 раиси шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) -и вилояти Суғд таъйин шуд. Баъди пешбарии номзадаш ба вакилии парлумон, рӯзи 26 июни соли 2023 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон расман “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстон озод карда шуд ва ба ҷои ӯ Ғаффорзода Нигорахон, собиқ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, шаҳрдори нави Бӯстон таъйин шуд.

Мавсума Муинӣ солҳои 2014-2018 муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ буд.

Ӯ соли 2019 дар мавзӯи “Иштироки ҷавонон дар дигаргунсозии иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2018)” рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, унвони номзади илмҳои таърихро ба даст овардааст.

Мавсума Муинӣ соли 2015 сазовори медали “Хизмати шоиста” шуда, аз соли 2010 узви ҳизби ҳокими халқии демократист. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button