ТаърихЧеҳраҳо

САРВАЗИРЕ, КИ ҚАСРУ КӮШК НАХОСТ, БО СЕХОНАГИАШ ҚАНОАТ КАРД: САРВАЗИРИ СОБИҚИ ТОҶИКИСТОН ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА СИННИ 80 РАСИД

Рӯзи 2 феврали соли 2024 сарвазири собиқи Тоҷикистон Оқил Оқилов ба синни 80 расид. Оқил Оқилов, ки аз соли 1999 то 2013, давоми 14 сол сарвазири Тоҷикистон буд, баъди ба нафақа баромаданаш ба зодгоҳаш, шаҳри Хуҷанд кӯчид ва дар инҷо даврони пирӣ меронад.

Оқилов Оқил Ғайбуллоевич  2 феврали соли 1944 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии шаҳри Маскавро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Мактаби олии ҳизбии КПСС, ҳизби ягона ва ҳоким дар Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардаст.

Оқил Оқилов фаъолияти кориашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории шаҳри Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969—1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.

Соли 1976 Оқил Оқилов ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин ва мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа кард.

Оқил Оқилов солҳои 1993—1999 ба ҳайси вазири сохтмон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали раиси вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) фаъолият дошт ва соли 1999 ба ҷои Яҳё Азимов сарвазири Тоҷикистон интихоб шуда, то соли 2013 дар ин мақом кор кард. Дар таърихи замони истиқлоли Тоҷикистон ягон сарвазири дигар ба чунин муддати тӯлонӣ, яъне 14 сол, ки Оқил Оқилов сарвазир буд, дар ин мақом кор накардааст. Сарвазирони солҳои 90: Изатулло Ҳаёев, Ҷамшед Каримов, Яҳё Азимов ҳамагӣ чандсолӣ, Абдумалик Абдуллоҷонов як сол, Абдуҷалил Самадов ва Акбар Мирзоев бошад ҳамагӣ чанд моҳ сарвазир буданд. Қоҳир Расулзода, ки моҳи ноябри соли 2013 Оқил Оқиловро дар курсии сарвазир иваз кард, инак беш аз 10 сол боз дар ин мақом кор карда истодааст.

Оқил Оқилов барои фаъолиятҳояш бо орденҳои Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 ва “Нишони фахрӣ”, медали «Барои меҳнати шоён», бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шуда, ҳамчунин сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шудааст.

Оқил Оқилов аз мансабдорони ангуштшумори тоҷик аст, ки дар фаъолияти худ қаноат ва хоксориро пеша карда буд. Баъди сарвазир шуданаш ба Оқил Оқилов барои бунёди хонаву ҳавлӣ аз буҷети давлатӣ пул ҷудо карда буданд, вале ӯ ин пулро нагирифт ва гуфт, манзили сеҳуҷрагие, ки ҳанӯз замони Шӯравӣ ба ӯ дода буданд, барояш кофист. Тӯли 14 соли сарвазирӣ Оқил Оқилов бо аҳли хонаводааш дар ҳамин манзили воқеъ дар як бино дар пушти чойхонаи “Роҳат” ба сар бурд ва ба гуфтаи ҳамсояҳо, ҳар нисфирӯзӣ барои хӯрокхӯрӣ ба хонааш меомад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button