БАРКАНОРИИ МУОВИНОНИ ДОДСИТОНИ КУЛ, РАҲБАРИ АГЕНТИИ ЗИДДИ НАШЪА ВА РАИСОНИ 6 НОҲИЯ, АЗ ҶУМЛА 5 НОҲИЯИ БАДАХШОН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 январи соли 2024 дар идомаи тағйироти кадрӣ дар саффи ҳукуматаш муовинони Додситони кул, раҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддир ва раисони 6 ноҳия, аз ҷумла 5 ноҳияи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро иваз кард.

Президент рӯзи 27 январ аз ҷумла бо як фармони худ Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон озод карда, бо фармони дигари худ билофосила Самад Зафар Тағойро раҳбари ин идора таъйин кард. Зафар Самад то имрӯз муовини аввали раиси ин агентӣ буд.

Рӯзи 27 январ бо қарори ҳукумат Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон озод карда шуд. Сабаби барканорӣ ва ба кадом кори дигар гузаштани ӯ маълум нест. Аммо Ҳабибулло Воҳидзода, ки қаблан дар низоми додситонӣ (прокуратура) кор мекард, боз ба ин ниҳод баргашта, бино ба хабарҳо, муовини додситони кул – додситони ҳарбии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Ҳамчунин Умед Каримзода ва Сарвар Азимзода ба мақомҳои муовини аввал ва муовини додситони кул пешбарӣ шудаанд. Номзадии муовинони додситони кулро Маҷлиси миллӣ бояд тасдиқ кунад.

Ҳамин тавр рӯзи 27 январ бо фармони президент Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз озод карда шуда,ба ҷои ӯ Носирзода Умедҷон Саидҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз таъйин шуд.

Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон барканор шуда, ба ҷои ӯ раҳбарии ноҳияи Шуғнонро ба Шоисматуллозода Комил супурдаанд.

Додихудоев Фарух Муборакшоевичро, ки низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон рафт, дар роҳбарии ин ноҳия Аҳмадзода Илҳом Шамол иваз кард. Илҳом Аҳмадзода то имрӯз раиси ноҳияи Хуросон буд.

Ҳамчунин Мирзозода Мусо Одинамухамадро дар мақоми раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо  иваз кард ва ба ҷои Шомирзозода Аъзам Мирмамад, ки низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”  тарки мақоми раиси ноҳияи Роштқалъа кард, рӯзи 27 январ Сафарзода Лашкар Аслам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа таъйин карда шуд. Лашкар Сафарзода то имрӯз муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд. Сабаби барканории раисони 5 ноҳия аз 7 ноҳияи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба кадом вазифаи дигар гузаштани 4 нафари онҳо, ки барканориашон ҳамчун “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” таъбир шуда буд, маълум нест. Аз ин миён танҳо сарнавишти баъдии раиси ҳамакнун собиқи ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода маълум аст, ки ба нафақа фиристода шудааст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорати маводи
нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод кардани Воҳидзода Ҳ.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№694

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод кардани Самад З.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Самад Зафар Тағой бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№695

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи
вилояти Хатлон озод намудани Абдуллозода А.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ бинобар вафоташ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№696

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвози
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Абдураҳмонзода С.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№697

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Ҷумъазода Ҷ.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№698

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Додихудоев Ф.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Додихудоев Фарух Муборакшоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№699

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Мирзозода М.О.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзозода Мусо Одинамухамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№700

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Шомирзозода А.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шомирзозода Аъзам Мирмамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№701

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
озод намудани Аҳмадзода И.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Аҳмадзода Илҳом Шамол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№702

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Носирзода У.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Носирзода Умедҷон Саидҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№703

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Аҳмадзода И.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Аҳмадзода Илҳом Шамол иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№704

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Шоисматуллозода К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шоисматуллозода Комил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№705

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Сафарзода Л.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Лашкар Аслам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№706

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Иматшозода А.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Иматшозода Анвар Иматшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№707

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Агентии назорати маводи
нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Самад З.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Самад Зафар Тағой директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№708

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарзода Лашкар Аслам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2024
№АП-499

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2024 №14
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳмонзода С.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, имсол соли тағйироти кадрии куллӣ гуяд:

    Мехчапарак, тохчапарак, онҷопарак, инҷопарак, ҳарҷопарак, болопарак, поёнпарак ва ғайрапарак…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button