ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ҲАҚҚИ МАНИ МАЪЮБУ КӮДАКОНАМРО БИРӮЁНЕД! НОМАИ ДОДИ ЯК АМОНАТГУЗОРИ “ТОҶПРОМБОНК” БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мирзохӯҷа Самадов, як сокини маъюби шаҳри Душанбе, ки пасандозҳояш дар бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” дармондаанд, рзи 27 январи соли 2024, дар арафаи солгарди инак ҳафтуми муфлис эълони шудани ин бонк, дар як номаи саркушода аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки ба ин қазия дахолат карда, барои рӯёндани ҳаққи ӯи маъюб ва фарзандони ноболиғаш кумаки худро дареғ надорад.

Мирзохӯҷа Самадов дар вақташ бо ҳаводорӣ аз даъватҳои президент дар мавриди дар бонкҳои ватанӣ гузоштани пасандозҳои худ, пули аз фурӯши манзили падару модараш бадастомадаро дар бонки ватании “Тоҷпромбонк” гузошт, то ки як ояндаи беҳтареро барои фарзандонаш таъмин кунад. Аммо, менависад Самадов, моҳи феврали соли 2017 “Тоҷпромбонк” муфлис эълон гардида, соли 2020 раисаш Ҷамшед Зиёев маҳкум ба зиндон шуд.

Бино ба нақли ин амонатгузор, инак 7 сол боз наметавонад пасандозҳои худро пас бигирад ва маҷбур аст, ки бо ҳамагӣ 500 сомоние, ки ҳар моҳ ба ӯ ва дигар амонатгузорони “Тоҷпромбонк” медиҳанд, “қаноат” биварзад ва “шукрона” кунад.

Мирзохӯҷа Самадов  дар номааш ба президент менависад: “Мутаассифона, то имрӯз 169 нафар пасандозгузорон наметавонанд, ки маблағҳои худро дар ҳаҷми 26.600.000 (бисту шаш миллиону шашсад ҳазор) сомонӣ бозпас гиранд, аз ҷумла ман. Бонки мазкур наметавонад, ки маблағҳои пулии манро яку якбора бо таври яклухт пардохт намояд, бо мақсади пардохти қарз бонк ҳармоҳа ба ман ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ медиҳад, ман чунин таври пардохтро нисбати худам ғайриқонунии ва таҳқиромез мешуморам.  Вақте ки ман шартномаи пасандозгузориро бо бонк имзо намудам, маблағҳзои пасандозгузорон, аз ҷумла маблағҳои манро дар муддати ҷандин сол истифода бурда, аз он фоида ба даст оварда, онҳоро ба манфиатҳои худаш истифода намудааст. Ба ғайр аз ин, бонк аз ҳисоби даромади ба даст овардааш шумораи зиёди амволи ғайриманқул ва саҳмияҳо ба даст оварда, онҳоро ба тавозуни худ ворид намуда буд. Бо ҳамаи ин дороиҳо, ки бояд барои таъмин намудани пардохти зарари моддӣ ба пасандозгузорон расонидашуда кифоят менамуд, имрӯз бонк наметавонад, ки талаботи маро қонеъ намояд. Аз рӯзи аввали муфлис эълон шудан се маротиба мудирияти бонк иваз шуд ва  ҳар кадомаш ба ман ваъдаҳои бардурӯғ медод, ки то имрӯз ягонтои онро иҷро накардааст.”

Ин дар ҳолест, ки, ба навиштаи Самадов, амволи зиёде аз Ҷамшед Зиёев чанд сол боз дар ҳабси суди нохияи А.Синои шаҳри Душанбе қарор доранд, вале то ҳол нисбати ин амвол ягон қарор қабул нашудааст.

Ба ҳисоби ӯ, арзиши амволи мусодира ва боздоштшудаи аз 11 иншооти фаъол ба маблағи 250.000.000 (дусаду панҷоҳ) миллион сомонӣ мебошад:

1) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

2) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

3) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

4) Манзили истиқоматӣ дар гузаргоҳи дуюми кӯчаи Ҳусейнзодаи шаҳри Душанбе

5) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Деҳлавии шаҳри Душанбе.

6) Манзили истиқоматӣ дар Ховарон (Теппаҳои шарқӣ) дар шаҳри Душанбе

7) 50% саҳмияҳои ҶСК “Шарбат”, воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент.

8) 100% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе

9) 100% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ  ПЕТ”,  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе

10) 60% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква” дар ҶСП “RC Душанбе”,  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201       шаҳри Душанбе

11) 50% саҳмияҳои ҶДММ “Азиз Ко ЛТД”, воқеъ дар  гузаргоҳи дуюми кӯчаи Титови шаҳри      Душанбе

Ин дар ҳолест, ки, менависад Мирзохӯҷа Самадов дар номаш ба президент, қарзҳои боқимондаи “Тоҷпромбонк” тақрибан 150 миллион сомониро ташкил медиҳанд:

1)  77 миллион сомонӣ – буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати молияи ҶТ

2) 27 миллион сомонӣ –  қарзи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии ҶТ

3) 26,6 миллион сомонӣ – қарзи 169 амонатгузори боқимонда, ки дар вақташ шартҳои 50 ба 50 ва ҳатто 25 ба 75 ҳисса гирифтани пасандозҳои худро беинсофӣ хонда, напазируфтанд

4)  2 миллион сомонӣ – қарзи лоиҳаи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

5)  Қарзҳои шахсони ҳуқуқӣ (корхонаву ширкатҳо)

Бо ин вуҷуд, меафзояд Самадов, “ман ва аъзои оилаамон – мани маъюб ва фарзандони ноболиғам ба чунин хулосае омадем, ки дар асоси талаботи конунхои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти пурра пардохт намудани зарари расонидашуда аз ҷониби бонк аз байн рафтааст ва танҳо дар сурати даҳолати бевоситаи Шумо, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имкон дорад, ки ин масъала ҳалли худро ёбад.Аз ин лиҳоз аз Шумо, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат ва кафили таъмини қонуният, фарзандвор  ва бо эҳтироми тамом хоҳиш менамоям, ки вазъи ногувори маро дарк намуда, барои пардохт намудани зарари ба ман расонидашуда кумак ва дастгирии худро дареғ надоред”.

Матни пурраи номаи Мирзохӯҷа Самадов ба президент Эмомалӣ Раҳмонро дар зер бихонед:

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи Самадов Мирзохуҷа Назирҳуҷаевич, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шамсӣ, бинои 2/4, ҳуҷраи 6.

Тел: +992 907 811 105

А Р И З А

“Дар бораи дастгирӣ намудани мани пасандозгузори  ҷабрдида, ки аз амалҳои ҷинояткоронаи роҳбарияти Бонки саҳомии тиҷоратии Инкишофи Саноати Тоҷик “Тоҷпромбонк ” зарари маҳсусан калон дидам

Ба Шумо муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ноумедӣ ва бенатиҷагӣ муроҷиат мекунам.

Бо ибрози арзу сипос ба унвони Шумо муроҷиат намуда, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки бо мақсади таъмин намудани пардохти зарари моддии аз ҷониби бонки мазкур ба ман расонидашуда чораҳои қатъӣ андешида шавад.

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Мардуми оддӣ нисбати ҳама масъалаҳои ба миёномада аз рӯи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Шумо муроҷиат менамоянд, зеро медонанд, ки муроҷиати онҳо бенатиҷа нахоҳад монд. Инро таҷрибаи чандинсолаи Сарвари Шумо ҳамчун Президенти ғамхор ва дилсӯзи ҳалқ собит намудааст.

Дар бораи ҳолатҳои кор меҳоҳам ба Шумо баён намоям, вале боварии комил дорам, ки Шумо дар ин бора алакай огоҳ ҳастед, зеро ин масъала зиёда аз ҳафт сол аст, ки дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дорад.

Аз тавсия ва дастурҳои Шумо, ки онҳоро ба воситаи Паёмҳои ҳарсолаатон ба мардуми мамлакат ирсол менамудед, аз ҷумла дар бораи дар бонкҳои ватанӣ мамлакат ҷойгир намудани пасандозҳо ва бо ин роҳ дастгирӣ кардани иқтисодиёти миллӣ, таълиму тарбия додани фарзандон ва таъмин намудани ояндаи неку дурахшони фарзандон, ман рӯҳбаланд шуда, дар бонки ватанӣ, бонки тиҷоратию таҷдиди инкишофи саноати тоҷик Тоҷпромбонк аз маблағи фурӯши хонаи падару модарам пасандоз гузоштам. Минбаъд дар натиҷаи амалҳои ҷинояткоронаи раҳбарияти бонк фаъолияти бонк қатъ гардида, дар моҳи марти соли 2017 бонк муфлис эълон карда шуд.

Дар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2020, роҳбари бонки тиҷоратию таҷдиди инкишофи саноати тоҷик “Тоҷпромбонк ” Зиёев Ҷамшед ва дигар шахсони масъули ин бонк барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 247, 340 ва дигар моддаҳои Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда ба муҳлатҳои гуногун ба ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд. Дар натиҷаи чунин амалҳои ғайриқонунии ин нафарон ба шумораи зиёди пасандозгузорони бонк зарари моддӣ расонида шудаанд. Бино бар татбиқ намудани чораҳои таъминкунии пардохти зарари моддӣ қисме аз пасандозгузорон маблағҳои худро тавонистанд, ки бозпас гиранд. Мутаассифона, то имрӯз 169 нафар пасандозгузорон наметавонанд, ки маблағҳои худро дар ҳаҷми 26.600.000 (бисту шаш миллиону шашсад ҳазор) сомонӣ бозпас гиранд, аз ҷумла ман.

Дар асоси ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2017 “Тоҷпромбонк” муфлис эълон карда шуда, ин раванди бесамара боз бо Таъиноти судӣ иқтисодӣ шаҳрӣ Душанбе аз 5 сентябри соли 2023 ба мӯҳлати 6 моҳ яъне то 5 марти соли 2024 дароз карда шудааст

Бонки мазкур наметавонад, ки маблағои пулии манро яку якбора бо таври яклухт пардохт намояд, бо мақсади пардохти карз бонк ҳармоҳа ба ман ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ медиҳад, ман чунин таври пардохтро нисбати худам ғайриқонунии ва таҳқиромез мешуморам. Вақте ки ман шартномаи пасандозгузориро бо бонк имзо намудам, маблағҳҳои пасандозгузоронро, аз ҷумла маблағҳои манро, дар муддати ҷандин сол истифода бурда, аз он фоида ба даст оварда, онҳоро ба манфиатҳои худаш истифода намудааст. Ба ғайр аз ин, бонк аз ҳисоби даромади ба даст овардааш шумораи зиёди амволи ғайриманқул ва саҳмияҳо ба даст оварда, онҳоро ба тавозуни худ ворид намуда буд. Бо ҳамаи ин дороиҳо, ки бояд барои таъмин намудани пардохти зарари моддӣ ба пасандозгузорон расонидашуда кифоят менамуд, имрӯз бонк наметавонад, ки талаботи маро конеъ намояд.

Аз рӯзи аввали муфлис эълон шудан се маротиба мудирияти бонк иваз шуд ва  ҳар кадомаш ба ман ваъдаҳои бардурӯғ медод, ки то имрӯз ягонтои онро иҷро накардааст. Баъди мудири навбатии бонки муфлисшуда таъин шудани Холов Шодмон ӯ ҳам ба ман гуфт, ки ин масъала аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери назорат гирифта шудааст ва аз ҳукумат барои чораҷӯӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додаанд. Иҷроиши ин супориш ба зиммаи сардори раёсат Мирзозода ва иҷрокунанда Усмонзода. М вогузор карда шудааст. Ман баъди шунидани ин суханҳо рӯҳбаланд гардида, умед доштам, ки пардохти зарари ман таъмин карда мешавад.

Мутаассифона, то ҳозир дар ин масъала ягон пешравӣ нест ва инро ҷавоби ҳаттии мудири бонк тасдиқ менамояд. Дар ҷавоби бонк боз ҳамон ҷумлаҳои қаблан баёнкардашуда дар бораи он ки онҳо ба мо амвол пешниҳод намуданд, вале мо онҳоро қабул накардаем, сабт карда шудаанд. Дар хусуси он ки кадом амволи бонк, хусусан амволи гаронарзиши ғайриманқул ва саҳмияҳои ширкатҳо, ки нисбати он бо қарори суди ноҳияи А. Синои шаҳри Душанбе ҳабс гузошта буд, ба фурӯш бароварда шудааст ва кадомаш не, ягон маълумот пешниҳод карда нашудааст. Асоси муроҷиати оҳирони ман мағз ҳамин ҳолат буд.

Роҳбари бонки тиҷоратию таҷдиди инкишофи саноати тоҷик “Тоҷпромбонк ” Зиёев Ҷамшед

ки моҳи декабри соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндони шуд, Зиёев Ҷамшед дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ барои пӯшондани қарзҳои бонк бинову иншоот ва корхонаҳои зиёдеро пешниҳод намуда ва супорида шуд ба муфаттиши прокуратураи генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Мансур Қадамурод, ки айни замон сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷинсяти махсусан муҳими Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум мебошад. Ғанизода Мансур Қадамурод амволи пешниҳоднамудаи Зиёев Ҷамшедро ба суди ноҳияи А.Синои шаҳри Душанбе барои гирифтани бо ҳабс пешниҳод намуд. Ин амвол дар ҳабси суди нохияи А.Синои шаҳри Душанбе қарор доранд, вале то ҳол нисбати ин амвол ягон қарор қабул нашудааст.

Амволи мусодира ва боздоштшудаи аз 11 иншооти фаъол ба маблағи 250.000.000 (дусаду панҷоҳ) миллион сомонӣ мебошад.

1) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

2) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

3) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе

4) Манзили истиқоматӣ дар гузаргоҳи дуюми кӯчаи Ҳусейнзодаи шаҳри Душанбе

5) Манзили истиқоматӣ дар кӯчаи Деҳлавии шаҳри Душанбе.

6) Манзили истиқоматӣ дар Ховарон (Теппаҳои шарқӣ) дар шаҳри Душанбе

7) 50% саҳмияҳои ҶСК “Шарбат”, воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент.

8) 100% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе

9) 100% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ  ПЕТ”,  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201 шаҳри Душанбе

10) 60% саҳмияҳои ҶДММ “ТПБ Аква” дар ҶСП “RC Душанбе”,  воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 201       шаҳри Душанбе

11) 50% саҳмияҳои ҶДММ “Азиз Ко ЛТД”, воқеъ дар  гузаргоҳи дуюми кӯчаи Титови шаҳри      Душанбе

Қарзҳои боқимондаи “Тоҷпромбонк” аз инҳоянд:

1)  77 миллион сомонӣ – буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати молияи ҶТ

2) 27 миллион сомонӣ –  қарзи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии ҶТ

3) 26,6 миллион сомонӣ – қарзи 169 амонатгузори боқимонда, ки дар вақташ шартҳои 50 ба 50 ва ҳатто 25 ба 75 ҳисса гирифтани пасандозҳои худро беинсофӣ хонда, напазируфтанд

4)  2 миллион сомонӣ – қарзи лоиҳаи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

5)  Қарзҳои шахсони ҳуқуқӣ (корхонаву ширкатҳо)

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Муфаттиш Ғанизода Мансур Кадаммурод, ки тафтиши парвандаи ҷиноятии Зиёев Ҷамшедро мебурд, бо сабабҳои ба мо номаълум дар рафти оғози парвандаи ҷиноятӣ ва тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ амонатгузорони Тоҷпромбонкро ҷабрдида эътироф накард, тамоман ба назар ва ба ҳисоб нагирифт.

Ва боз меҳоҳам ба Шумо равшан намоям, ки ба ман то ҳол амволе, ки мувофиқи арзиши бозаргонии худ ба маблағи зарари расонидашуда баробар бошад, пешниҳод карда нашудааст. Амволи пешниҳодшуда тақрибан 50 % арзиши зарари расонидашударо ташкил медиҳад ва берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, ки дар ин ҳолат ман онро қабул карда наметавонам.

Ман ҳамчун ҷабрдида дар бораи тақдири амволу дороии бонк ягон маълумот надорам ва онро гирифта ҳам наметавонам. Инчунин якчанд амволи ғайриманқули роҳбарт бонк Зиёев. Ҷ пайдо карда шуд, ки онҳо расман ба номи хешу акрабои ӯ ба расмият дароварда шуда бошад ҳам, аммо воқеан ба Зиеёв.Ҷ тааллуқ доштани онҳо ба ҳама равшан буд.

Бо шунидани ҳар гуна овозаҳо дар бораи амволи бонк, ки гӯё онҳоро шаҳсони кудратманду тавоно пуштибонӣ менамоянд ва намегузоранд, ки онҳо ба фурӯш бароварда шаванд, вазъи саломатии ман ва аъзои оилаам рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Аммо дар ниҳоят ман бидуни ҳуқуқҳои конститутсионӣ мебошам, дар пастарин холат ҳуқуқи шаҳрвандии ман пурра поймол шуда истодааст, дилам монда, худро фиребшуда, дуздидашуда, ғоратшуда эҳсос мекунам ва эҳтиёҷ ба ёрии моддӣ ва молиявӣ дорам.

Ман бе ин ҳам маъюби дараҷаи якум мебошам ва мушкилоти зиндагиам бе ин ҳам барои ман кифоя мебошад. Ин амали роҳбарияти бонк ба қавли мардум ” ба болои сӯҳта намакоб” гардида, ваъзи равонии манро сангинтар намудааст. Ман аз хобу хӯрдан мондаам ва наметавонам ба ягон кори дигар даст занам. Ин ҳама азобу машаққати рӯҳӣ ва ҷисмонии манро чен кардан имкон надорад.

Муҳтарам Ҷаноби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Раҳм кунед ба амонатгузорони Тоҷпромбонк, пиронсолон, бевазанҳо, нафақахӯрон, беморон, маъюбон ва ба фарзандони ноболиғи мо.

Ман ва аъзои оилаамон – мани маъюб ва фарзандони ноболиғам ба чунин хулосае омадем, ки дар асоси талаботи конунхои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти пурра пардохт намудани зарари расонидашуда аз ҷониби бонк аз байн рафтааст ва танҳо дар сурати даҳолати бевоситаи Шумо, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имкон дорад, ки ин масъала ҳалли худро ёбад.

Аз ин лиҳоз аз Шумо, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат ва кафили таъмини қонуният, фарзандвор  ва бо эҳтироми тамом хоҳиш менамоям, ки вазъи ногувори маро дарк намуда, барои пардохт намудани зарари ба ман расонидашуда кумак ва дастгирии худро дареғ надоред.

Бо умеди зиёд ва бо камоли эҳтиром,  ҷабрдидаи бонки ватании Тоҷпромбонк

Самадов М.Н

Сана: 27.01.2024

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button