ВидеоТаърихҲуқуқи инсонҶомеа

ХОНАИ БАРОДАРИ ҲОҶӢ ҲАЛИМРО ДАР КӮЧАИ ҚАРОТЕГИН ДАВЛАТӢ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур моҳи декабри соли 2023 ҳукми мусодираи хонаи Мирзокарим Назаров, бародари калонии Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, фармондеҳи собиқи мухолифин ва муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистонро баровардааст ва ин хона бояд ба Кумитаи сармроягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дода шавад. Мирзокарим Назаров моҳи сентябри соли 2015 дар дараи Ромит дар ҷараёни саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалимзода кушта шуда буд.  Хонаи баҳсӣ дар зодгоҳи ин хонаводаи як замон пурнуфуз дар кӯчаи Қаротегин дар канораҳои шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Дар бораи ин қазия рӯзи 18 январи соли 2024 радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) хабар дод. Додраси парванда Даврон Назарзода гуфтааст, ҳалнома қувваи қонунӣ нагирифтааст, чун ҷониби дигар аз он ба марҳилаи болоии додгоҳ шикоят бурдааст.

Мирзокарим Назаров дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Қазоқистон тиҷорат мекард ва аз ҷумла ба тиҷорати орду гандум машғул буд. Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон баргашт ва чанд корхонаро, аз ҷумла корхонаи нонпазӣ дар наздикии гардиши фурудгоҳи Душанберо хусусӣ карда буд. Наздиконаш мегӯянд, Мирзокарим Назаров ба сари худ як соҳибкори мустақил ва хеле муваффақ буд, вале манобеи наздик ба мақомот бар инанд, ки ин ҳама корхонаҳое, ки  мечархонд, дар асл ба Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доштанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 қарори ба фоидаи давлат мусодира кардани манзили  Мирзокарим Назаровро бароварда буд. Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур гуфтаанд, азбаски Назаровҳо ихтиёран хонаро холӣ накарданд, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ даз нав аъво пеш овард, ки хонарасман мусодира гардида, холӣ карда шавад.

Аммо Зиёда Қурбонова, ҳамсари Мирзокарим Назаров мегӯяд, онҳо 4 оилаи иборат аз 18 нафар дар ин манзил ба сар мебаранд ва аз он дар ташвишанд, ки дар кӯча бе сарпаноҳ мемонанд.

Зиёда Қурбонова мӯътақид аст, ки хонаи онҳо “беасос ба фоидаи давлат мусодира шуд”.

“Як моҳ боз хобу хӯр надорем. Нигаронем, ки ин қадар фарзандонро дар зимистон ба куҷо мебарем? 16 сол боз дар ҳамин хона зиндагӣ мекунем. Ҳуҷҷатҳояш ҳаст, қонунӣ. Пеш аз он ҳодисаҳо, соли 2014, шавҳарам ҳамин хонаро ба номи ману бачаам гузаронд. Инҳо омада, хонаи моро ба номи Ҳоҷӣ Ҳалим гузаронданду ҳамин хел ғам дода истодаанд”, – гуфтааст Зиёда Қурбонова.

Ҳоҷӣ Ҳалим, ки қаблан аз фармондеҳони мухолифин ва солҳои ахир муовини вазири дифоъ буд, моҳи сентябри соли 2015 ба кӯшиши ошӯби мусаллаҳона айбдор шуд ва бо ҷамъе аз ёронаш ба дараи Ромит, як пойгоҳи умдаи нирӯҳои мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фирор кард. Амалиёти саркӯби ӯву ёронаш 12 рӯз давом кард ва аз ду тараф беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт. Мирзокарим Назаров рӯзи 16 сентябри соли 2025 бо ду бародари дигараш — Абдураҳим ва Мирзоҳаёт – дар як шароити мармуз кушта шуданд. Манобеи наздик ба мақомот мегуфтанд, ки се бародари Ҳоҷӣ Ҳалим барои ба таслим шудан моил кардани ӯ ба дараи Ромит рафтанд, вале гӯё дар роҳ аз тири ошӯбгарон кушта шуданд. Манобеи наздик ба мухолифин мегӯянд, ки онҳоро амдан худи нирӯҳои ҳукуматӣ куштанд, то Ҳоҷӣ Ҳалимро ба таслим шудан моил кунанд. Тасдиқи ин иддаоҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад, вале факти воқеӣ ин аст, ки соате чанд баъди кушта шудани се бародараш Ҳоҷӣ Ҳалим низ дар Ромит кушта шуд.

Баъди саркӯби гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим мақомот ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, як ташаккули умдаи мухолифи ҳукуматро ба даст доштан ва ҳатто раҳбарии ошӯб айбдор карда, онро бастанд ва ба рӯйхатҳои сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомилаш карданд. Бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб даҳҳо нафар, аз ҷумла раҳбарони ҲНИТ ва чанд тани дигар аз бародарон ва хешовандони Ҳоҷӣ Ҳалим дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Мақомот ҳамин тавр, бо нашри як гузориши муфассал аз мусодираи даҳҳо хонаву мошин, фермаҳову бӯстонсароҳо, корхонаи нону фермаи мурғу чорво, чандин рамаву галаву подаи чорвои марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим хабар дода, ҷамъи молу мулки ӯро беш аз 100 миллион сомонӣ баршумурданд ва гуфтанд, ин ҳамаро ба фоидаи давлат мусодира кардаанд. Дар бораи инки оё баъдан молу мулки Ҳоҷӣ Ҳалим ва наздикони ӯро ба кӣ фурӯхтанд?, маълумоти расмие то ба имрӯз нашр нашудааст, ҳарчанд овозаҳои мухталифе ба гӯш мерасиданд, ки аксари соҳибони нави ин ҳама корхонаву галаву рамаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим мансабдорони баландпоя ваё наздикони афроди пурнуфузанд.

Ин ягона ҳолати ба фоидаи давлат мусодира кардани афроди муттаҳам ба иштирок дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим нест. Дар соли 2022 Гулдаста Салимова, ҳамсари Ҷунайдулло Умаров (Эшони Ҷунайд), фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ва сардори собиқи Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки ӯ ҳам соли 2015 дар ҷараёни ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуд, ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, барои баргардондани ҳавлии меросиаш, воқеъ дар деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, кумак хоста буд. Гулдаста Салимова мегуфт, ӯву фарзандону набераҳояш, дар умум 8 нафар, ҷои дигаре барои зиндагӣ надоранд, вале мақомот онҳоро аз ин хона кӯчонданианд.

Гулдаста Салимова дар номааш ба президент навишта буд, ки ин хона аз падару модараш ба ӯ мерос монда буд ва шавҳари марҳумаш дар ин хона ҳамчун хонадомод мезист. Ҷунайдулло Умаров ҳанӯз соли 1988 ба духтари холааш Гулдаста Салимова издивоҷ карда будааст.

Ҷунайдулло Умаров дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 ба саффи нирӯҳои давлатӣ пайваст ва то ба мақоми сардори раёсати бозрасии ҳарбии вазорати мудофиа ва рутбаи полковникӣ расид. Вале дар моҳи сентябри соли 2015 ӯ ба ҳамдастӣ дар ошӯби таҳти раҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим айбдор шуд ва ҳангоми таъқиби ошӯбгарон дар дараи Ромит ҳамон рӯзи 16 сентябри соли 2015 якҷо бо Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуд.  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button