ВидеоФарҳанг

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ КИТОБҲОИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2023-РО ЭЪЛОН КАРД (ВИДЕО)

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 29 ноябри соли 2023 маросими ҷамъбасти озмуни “Китоби сол-2023”-ро баргузор ва бо эълони китобҳои беҳтарини сол муаллифони ин китобҳоро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ кард. Вазорат дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷикро, ки мазмуну муҳтавои онҳо худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, амнияти кишвар ва садоқат ба Ватанро инъикос кунанд, ҳадафи асосии роҳандозии ин озмун ном мебарад.

Ба озмун дар 6 номинатсия дар умум 28 китоби тозанашр дар жанрҳои назму наср, публитсистика, назму насри бачагона ва тарҷума пешниҳод шуда, аз байни онҳо 18 китоб ғолиби озмун гардид. Ҳамчунин, муаллифони 3 китоби дигар бо Ифтихорномаи вазорати фарҳанг қадрдонӣ шуданд.

Бар асоси хулосаи ҳайъати доварон ин китобҳо беҳтарин китобҳои соли 2023 дониста шуданд:

ДАР БАХШИ КИТОБИ НАЗМ

Ҷойи аввал Раҳмат Назрӣ барои китоби “Меҳвари меҳр”;

Ҷойи дуввум Иззатбек Идизода барои китоби “Шаббода”;

Ҷойи сеюм Исмоил Зарифӣ барои таҳияи китобҳои “Ҳафт китоб”, “Девони ғазалиёт” ва “Куллиёт”.

ДАР БАХШИ КИТОБИ НАСР

Ҷойи аввал Сироҷиддин Икромӣ барои китоби “Барфи хунолуд”;

Ҷойи дуввум Мансур Суруш барои китоби “Два цвета осени”;

Ҷойи сеюм Латофат Кенҷаева барои китоби “Нома ба бародар”.

ДАР БАХШИ АСАРҲОИ ПУБЛИТСИСТӢ

Ҷойи аввал Ҷонибеки Асрориён барои китоби “Достони нозкӯл”;

Ҷойи дуввум Далер Абдулло барои китоби “Касбият, садоқат, ҷасорат”;

Ҷойи сеюм “Бонувони Тоҷикистон” барои китоби “Бонувони Тоҷикистон” чеҳраҳо, истиқлолият”.

ДАР БАХШИ АСАРҲОИ НАЗМИ БАЧАГОНА

Ҷойи аввал Ато Ҳамдам барои китоби “Чароғи раҳнамо”;

Ҷойи дуввум Султонмурод Ҳожибоев барои китоби “Яхши бола қандай бӯлар?”;

Ҷойи сеюм Анӯшервони Алишер барои китоби “Афсонаи қалам”.

ДАР БАХШИ АСАРҲОИ НАСРИ БАЧАГОНА

Ҷойи аввал Маҷид Салим барои китоби “Гавазн ва шикорчӣ”;

Ҷойи дуввум Муродали Собир барои китоби “Қиссаҳои гови алои момои Шарифамоҳ”;

Ҷойи сеюм Алихон Маҳмадов барои китоби “Сароянда ва мусиқии эстрадӣ”.

ДАР БАХШИ АСАРҲОИ ТАРҶУМАИ БАДЕӢ

Ҷойи аввал Амонбой Эуманов, Кароматулло Мирзо барои китоби “Бегуноҳ ӯлими”;

Ҷойи дуввум Нашриёти “Адабиёти бачагона” барои китобҳои “Афсонаҳои халқи тоҷик” ва “Таджикские народные сказки 4-5”;

Ҷойи сеюм идораи Рӯзномаи “Хатлон” барои китоби “Ифтихори Ватандорӣ”.

БО “ИФТИХОРНОМА”-И ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД:

Амир Сайиди Мункӣ барои китоби “Ёди модар…”;

Рухшона Мирзоева барои китоби “Кӯзаи нақшин”;

Сунатулло Одинаев барои китоби “10 барги орзу”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button