ВарзишВидео

РОНАЛДУ ВИЗАИ ТОҶИКИСТОН ГИРИФТ! ЧАШМ БА РОҲЕМ!

Бино ба хабарҳои расида, Криштиану Роналду, ситораи маъруфи футболи муосир, ки ҳоло дар ҳайхати тими “Ан-Наср” аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, дар баробари дигар бозигарони “Ан-Наср” визаи Тоҷикистонро дарёфт кардааст.  Ин умеди мухлисонаш ба омадани Роналду ба Тоҷикистонро қавитар мекунад. Агар ӯ биояд, ин нахустин боздиди ин ситораи футболи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хоҳад шуд.

Як масъули шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Азия Плюс”  гуфт, ки номи Криштиану Роналду дар феҳристи онҳое, ки бояд дар ҳайъати “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон биоянд, ҳаст.

“Дар миёни 80 нафаре, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, исми Криштиану Роналду низ ҳаст”, – гуфтааст ин масъули ФФТ. Аммо ба иттилои ин манбаъ, феҳристи дақиқи онҳое, ки ба Душанбе хоҳанд омад, дар охири ҳафтаи ҷорӣ муайян хоҳад шуд.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи “Истиқлол” низ ба  шореҳи шуҳратёри варзиш Назруллоҳи Латиф  визаи Тоҷикистон гирифтани Криштиану Роналдуро тасдиқ кардааст.

“Ҳамаи аъзои бошгоҳи «Ан-Наср» барои сафар ба Тоҷикистон виза гирифтаанд. Дар рӯйхат номи Криштиану Роналду низ зикр шудааст. Умедворем, ки капитани «Ан-Наср» дар ҳайати дастааш дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба майдон меояд ва мухлисони футбол бозии ӯро аз наздик тамошо мекунанд”, – гуфтааст сухангӯи Истиқлол”.

Бино ба иттилои манобеи гуногун, масъулони риштаи футболи Тоҷикистон чанд вақт боз бо роҳҳои мухталиф талош доранд, ки ба ҳар сурат, ба боздиди Роналду аз Душанбе ноил шаванд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба он ҷониб чанд пешниҳод дода шудааст, аз ҷумла инки Роналду биояд ва то охири бозӣ дар хараки бозигарони эҳтиётии дастааш нишинад ваё барои хурсанд кардани мухлисони тоҷикаш барои як муддати кӯтоҳ, барои мисол, барои 10 ило 15 дақиқа ба майдон барояд.

Қарор аст, тими саудӣ рӯзи 4 декабри соли 2023, як рӯз қабл аз бозиаш бо чемпиони Тоҷикистон вориди Душанбе шавад.

Бозии ду тим шаби 5 декабр, соати 21:00 ба вақти Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (собиқ варзишгоҳи ба номи Михаил Фрунзе) дар Душанбе доир мешавад.

Ин бозии даврум шашум ва ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи чаҳоргонаи “Е” буда, дигар на барои “Истиқлол” ва на барои тими Роналду ҳалкунанда нест. “Ан-Наср” алакай роҳхат ба марҳалаи баъдии мусобиқотро дар ҷайб дорад, “Истиқлол” бошад баракс шонси баромадан аз гуруҳро аз даст додааст.

Инки бозӣ бо “Истиқол” дигар барои “Ан-Наср” ягон чизро ҳал намекунад, нохушбиниҳоеро ба вуҷуд оварда буд, ки шояд Роналду дар ин бозӣ иштирок накунад ва ҳатто ба Тоҷикистон наояд. Ба болои ин, дар Тоҷикистон майдонҳои футболи сабзаашон табиӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои чунин мусобиқот бошанд, вуҷуд надоранд ва Роналду бошад усулан дар майдонҳои сабзаашон сунъӣ бозӣ намекунад. Ҳарчанд агар ӯ дар Осиё ба ин мавқеи худ пойдор бимонад, пас бояд дар беш аз нисфи бозиҳои дастаи кунуниаш ба майдон набарояд, чунки майдонҳои ҷавобгӯи хостҳои ин ситораи футбол дар қораи Осиё чандон зиёд нест.

Бо онки омадани Роналду ба Тоҷикистон ва иштирокаш дар бозӣ бо “Истиқлол” ҳанӯз пурра тасдиқ нашудааст, вале бино ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, то имрӯз беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Ин беш аз нисфи чиптаҳои ин бозист.

Он ҳам дар ҳоле, ки чиптаҳо аз 100 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, чиптаҳо дар худи варзишгоҳ ва ҳам дар мағозаи расмии «Истиқлол» – «Joma» дар суроғаи Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 бо се нарх: барои нишастгоҳҳои ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) бо нархи 300 сомонӣ, барои нишастгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ)  бо нархи 100 сомонӣ ва чиптаҳои VIP бо нархи 3000 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.

Чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи расмии «Истиқлол» – «Joma» дар суроғаи Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 ба фурӯш гузошта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Варзиш-тани солим, ақли солим, рӯҳи солим, ҷомеаи солим гуяд:

    Дастаи футболи “Ан-Наср”-и Арабистони Саъӯдӣ нимаи дуввуми моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар бозии ба Эрон сафар карда буданд, Роналдо низ дар ҳайати команда ҳамроҳ буд, таваҷҷӯҳи расонаҳои ҷаҳонӣ ба автобуси ҳомили роналдо ва ҳамроҳони ӯ дар кӯчаҳои Теҳрон буд, ки чӣ тавр мухлисони эронӣ аз фурӯдгоҳ то меҳмонхона дунболи автобус медаванд. Эрон, ҳам кишвари нафтӣ аст (яъне кишвари ғанӣ-яъне мардумаш бояд ба қавли тоҷикон “нодида” набошанд) ва ҳам кишвари мазҳабӣ аст (ривоятҳои мазҳабӣ мардумро аз бозии футбол боз медоранд, чун бинобар ривоятҳо гӯё “сари ҳуссайнро бурида, футбол кардаанд ва футбол баъди ин ҳодиса бозии ҷаҳонӣ шудааст). Аммо, Тоҷикистон баръакси Эрон кишвари дунявӣ ва фақир аст, Худо аз истиқболи шармовар паноҳ дорад, омин!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button