Федератсияи гуштини ҷудо, ё дзюдои Тоҷикистон хабар дод, ки дар мусобиқаи навбатии муътабар аз силсилаи “Сайри ҷаҳонии ҷудо” (“World Judo Tour”) дар “Гранд Слами Токио-2023” 10 паҳлавон ба намояндагӣ аз Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Мусобиқоти “Тоскӯлоҳи бузурги Токио” рӯзҳои 2-3 декабри соли 2023 бо иштироки 500 варзишгари беш аз 84 давлат баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Федератсия, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 10 варзишгари шинохта: Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг муаррифӣ мекунанд.
Сабаби ба Токио нарафтани паҳлавони дигари хушноми тоҷик Темур Раҳимов, ки тақрибан аз ягон мусобиқаи “Гранд Слам” бе медал берун намеомад, гуфта нашудааст.
Фонди умумии ҷоизаҳои Гранд Слами Токио-2023” 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар вазн 5000 евро, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 евро ва ба онҳое, ки соҳиби медалҳои биринҷӣ мешаванд, 1500 евро ҷоиза дода хоҳад шуд.
Гуштини дзюдо яке аз он риштаҳои варзиш аст, ки дар он варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муваффақиятҳои бештар ба даст меоранд. Ба тозагӣ дар чемпионати Осиё байни ҷавонон ва наврасон дар шаҳри Тошканд паҳлавонбачаҳои тоҷик соҳиби 8 медал, аз ҷумла се медали тилло, ду нуқра ва се биринҷӣ шуданд. Аз ҷумлаи онҳое, ки акнун Тоҷикистонро дар Токио намояндагӣ хоҳанд кард, Абубакр Шеров дар Тошканд соҳиби медали нуқра ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода сазовори медали биринҷӣ шуда буд.