ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ДАР 11 СОАТ БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОНРО ДУ ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД

Дар байни 11 соат: нимаи дуюми рӯзи 29 ноябр ва шаби 30 ноябри соли 2023 дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду заминларзаи иқтидорашон аз 4 балл боло сабт шудааст.

Бино ба иттилои марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи интернетии Еarthquaketrack.com, ки заминларзаҳо дар саросари сайёраро ба сурати шабонарӯзӣ пайгирӣ ва сабт мекунад, заминларзаи аввал нимаи дуюми рӯзи 29 ноябр, соати 15:59 ба вақти Тоҷикистон дар умқи 127-километри зери бистари замин рух дода, иқтидори он дар марказаш, 31-километрии шаҳраки Мурғоб тибқи ҷадвали Рихтер 4,5 баллро ташкил додааст.

Заминларзаи дуюм соати 03:09 шаби 30 ноябри соли 2023 дар умқи 124-километри зери бистари замин  рух дода, иқтидори он дар марказаш, 27-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,4 баллро ташкил додааст.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин ду заминларзаи рухдода дар қаламрави ҷумҳуриро ҳанӯз шарҳ надодааст. Дар бораи кадом хисорот ё осеб дидани одамон бар асари ин офатҳои табиӣ гузорише ба даст нарасидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза, дар як ҳафтаи охир 5 зилзила,  дар як моҳи охир 25 заминларза ва дар як соли охир 268 заминларзаро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button