ВидеоИқтисодИлму фанноварӣКоррупсияНомаҳо ба президент

МОНОПОЛИЯИ БЕГ САБУР ТАМОМ ШУД? БА 2 ШИРКАТ ОВАРДАНИ ИНТЕРНЕТРО ИҶОЗАТ ДОДАНД

Сомонаи расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки рӯзҳои охир ба таври бесобиқа фаъол шудааст, рӯзи 15 ноябри соли 2023 хабар дод, ки ин ниҳоди вобаста ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар идомаи “тадбирҳои пай дар пай ҷиҳати баланд бардоштани суръати Интернет ва паст кардани арзиши он”  ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ барои ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернет иҷозатнома додааст.

“Иқдоми навбатӣ боаҳамияту муҳим буда, барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Номи ин ду ширкати хусусӣ гуфта нашудааст, вале баъди соли 2015, дар 8 соли охир ин бори аввал аст, ки ба монополияи ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” нуқта гузошта, ба ширкатҳои дигар низ ҳаққи ворид кардани Интернет дода шуд.

Қарори маълум, соли 2015 Хадамоти алоқаи бозори воридоти Интернетро дар кишвар пурра монополия кард ва ширкатҳои интернетрасонро маҷбур кард, ки Интернетро танҳо аз ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” бихаранд.

Нархи фурӯши Интернет ба ширкатҳо расман эълон нашудааст, вале соли 2019 ширкатҳои мобил иқрор карда буданд, ки маҷбуранд ба “Тоҷиктелеком” барои як гигабит Интернет 51 ҳазор доллар месупоранд. Ва ин ҳам бидуни НДС (андоз аз арзиши иловашуда), ки он боз беш аз 10 ҳазор доллари дигар барои ҳар як гигабитро ташкил медиҳад.

Ширкатҳои интернетрасон ва коршиносони соҳа аз ҳамон аввал ин қарори худхоҳонаи Хадамоти алоқа ва раҳбараш Бег Сабурро ба боди шадиди интиқод кашида, мегуфтанд, ки дар монополияи як ниҳод ё як ширкат қарор додани бозори Интернет ҳеҷ хубие надорад, баракс монеи рушди ин бозор мешавад. Ва чунин ҳам шуд: Суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз пасттаринҳо дар ҷаҳон дониста шуда, корбарон пайваста аз суръати мисли сангпушти Интернет шикоят мекунанд.

Корбарони тоҷик ба ҳамин далел ба ин умед, ки шояд ширкати дигар барояшон Интернети беҳтару босуръаттар фароҳам биорад, зуд-зуд  ширкатҳои интернетрасони худро иваз мекунанд, вале баъди чанде лаб ба шикоят аз хидматрасонии ширкати нав мекушоянд. Мутахассисон мегӯянд, дар шароите ки воридоти Интернет дар Тоҷикистон дар монополияи як ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” қарор дорад ва ҳамаи ширкатҳои Интернетрасон Интернетро аз як ҷо мегиранд, иваз кардани ширкатҳо ҳеҷ сӯде надорад, чунки ин дуруст ҳамон ҳолатест, ки дар мақоли халқӣ гуфта мешавад: Об аз саргаҳаш, яъне аз ҳамон “Тоҷиктелеком” лой аст ва баъид аст, ки баъди ба ҷӯю ҷӯйчаҳо тақсим шуданаш соф шавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ моҳи декабри соли 2022 ҳангоми ироаи паёми солонааш сардори Хадамоти алоқа Бег Сабурро дар байни ҳама аз ҷой хезонда, барои сифату суръати пасту нархи баланди Интернет ва алоқаи мобил дар кишвар сахт танқид карда, ба ӯ барои ислоҳи вазъ вақт дода буд.

Чанд ҳафтаи охир Бег Сабур бо ташкили чанд ҷаласа ва иқдомҳои дигаре, ба мисли додани иҷозатномаи ворид кардани Интернет ба ду ширкати хусусӣ, талош дорад, то билохира баъди қариб як сол камбудиҳои гуфтаи президентро ислоҳ кунад.

Бархе манобеи огоҳ рӯзи 15 ноябри соли 2023 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод”гуфтанд, ки ахиран аз дастгоҳи президент ба Бег Сабур ҳушдори Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар хотиррасон карда,  хабараш додаанд, ки агар то рӯзи паёми навбатии президент вазъро ислоҳ накунад, метавонад бо вазифаи сардори Хадамоти алоқа хайрухуш кунад. Бег Сабур, ки қудои президент ҳам ҳаст ва қаблан дар Маскав як дӯкони фурӯши гӯшт дошт, аз соли 2003, инак 20 сол боз роҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button