ВАЪДАИ ИНТЕРНЕТИ БЕПУЛ БАРОИ МИНТАҚАҲОИ ДУРДАСТИ ТОҶИКИСТОН
Хадамоти алоқаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбараш Бег Сабур) ваъда додааст, ки барои таъмини иҷрои фармони президент дар бораи гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар минтақаҳои дурдаст барои истифодабарандагон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва операторони алоқаи барқӣ зимни амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии Интернетро ройгон пешниҳод мекунад.
Дар ин бора рӯзи 13 ноябри соли 2023 сомонаи расмии Хадамоти алоқаи ҶТ хабар дод.
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки “фармони президенти Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 таҳти рақами №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” барои ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, оммавӣ гардидани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми пардохти молу хизматрасонӣ ба вусъати ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии мамлакат мусоидат мекунад. Гузашта аз ин дар иқтисодиёт ҷараёнҳои молиявӣ шаффоф гардида, ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ қоҳиш меёбад ва боиси зиёдшавии воридоти маблағҳои андоз мегардад”.
Ба ақидаи Хадамоти алоқа, “дастрасии бидуни монеа ба интернет барои густариши раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ медиҳад. Аз ин хотир, Хадамоти алоқа дар баробари дигар сохторҳо талошҳои доимии худро дар заминаи таъмини сартосарии интернет дар кишвар ва дастрасу мусоид гардонидани хизматрасониҳои инетрнетӣ, идома дода, дар чаҳорчӯбаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти иҷрои фармони президенти ҶТ аз 22.06.2023 таҳти рақами №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳои дурдаст барои истифодабарандагон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва операторони алоқаи барқӣ зимни амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии Интернетро ройгон пешниҳод мекунад”.
Тибқи фармони президент, пардохтҳо ба буҷа, аз ҷумла андозҳо, боҷу хироҷ, пули хидматрасониҳои коммуналӣ, бояд алакай аз 1 августи соли 2023 пурра ба шакли ғайринақдӣ сурат мегирифт. Вале соҳибкорон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол андози худро ба ҳамон шакли “классикӣ”, яъне бо додани пули нақд ба дасти нозири андоз месупоранд. Ба гуфтаи сокинон, пули барқу обу дигар хидматҳои коммуналиро низ ҳамчунон ба ҳамин шакли “классикӣ”, яъне бо пули нақд супорида истодаанд.
Тавре ба назар мерасад, ҷорӣ шудани лимити шадиди барқ дар кишвар аз поёни моҳи сентябр иҷрои фармони президент барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдиро боз ҳам қафотар мепартояд.
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар се ҳафтаи охир алакай бори сеюм бо масъулони соҳаи алоқа ва намояндагони ширкатҳои мобилу провайдерҳо, бонкҳо ва ширкати “Барқи Тоҷик” ташкили ҷаласа мекунад, ки як мавзӯи асосиаш таъмини иҷрои ҳамин фармони президент аст. Аммо дар шароити бебарқӣ мақомот то ҳол роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо накардаанд. Дар яке аз ҷаласаҳо Бег Сабур ҳатто пешниҳод карда буд, ки бонкҳо роҳҳои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ бидуни истифода аз Интернетро биҷӯянд. Коре, ки ба гуфтаи бонкдорон, аслан имкон надорад.
Медонад ки скоро Чаноб ай мансаб мегиранд худша хар су задестай. Бху бгад чанд рузи дигар Бег Сабур мансаб ин мерос нест!!!!!!!!!!!