ВидеоИлму фанноварӣХабарҳои кӯтоҳ

БАРКАНОРИИ РАҲБАРОНИ ДУ ПАЖУҲИШГОҲИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 ноябри соли 2023 бо имзои ду қарори ҳукумат раҳбарони ду пажуҳишгоҳ, ё институти Академияи миллии илмҳои ҷумҳуриро аз мақом барканор кард. Бо қарорҳои ҳукумат, Фарҳод Шокирро аз мақоми мудири Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи Султон Умаров ва Назар Муъмин Абдуҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шуданд.

Далели расмии барканории ҳарду дар қарорҳои ҳукумат “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”, вале гуфта нашудааст, ки ин ду нафар ба кадом “кори дигар” гузаштаанд? Дар бораи инки ба ҷои онҳо ба раҳбарии  ин ду пажуҳишгоҳ киҳо таъйин шуданд?, низ то ҳол хабаре нашр нашудааст.

Сабаби аслии барканории Фарҳод Шокир ва Муъмин Назар маълум нест, вале қаблан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор аз дастовардҳои ночизи илми тоҷик ва муассисаҳои илмии Академия танқид карда буд.

Раиси расмии ҳукумати Тоҷикистон низ президент аст ва ба ин далел, қарорҳои ҳукуматро низ Эмомалӣ Раҳмон худаш имзо мекунад.

Низоми ҳоким дар Тоҷикистон низоми ҷумҳуриявист, вале дар он ба президент Эмомалӣ Раҳмон салоҳиятҳои хеле фаровон дода шудааст. Аз ҷумла таъйиноти кадрӣ дар аксари мансабҳои давлатӣ – аз таъйини раисони шаҳру ноҳияҳо то судяҳову ҳатто сардорони милисаву БДА ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи ҳатто шаҳру ноҳияҳо – ё бо амру фармону қарорҳои бевосита имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон ваё дар пайи дарёфти мувофиқат ва розигии ӯ сурат мегирад.

Мунтақидони ҳукумат чунин шеваи интихобу ҷобагузории кадрҳоро ба боди интиқод мекашанд ва мегӯянд, ки тамаркузи сиёсати кадрӣ дар дасти марказ деги коррупсияро гарм мекунад ва боис мешавад, ки дар мансабҳои калидӣ дар маҳалҳо шахсони тасодуфӣ сари кор оварда шаванд.


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 3 ноябри соли 2023 №513
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти
физикаю техникаи ба номи С.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
озод намудани Фарҳод Ш.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Фарҳод Шокир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 3 ноябри соли 2023 №512
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон озод намудани Назар М.А.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назар Муъмин Абдуҷалол бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button