ТАРКИШИ БАЛОНИ ГАЗ ДАР ҚАҲВАХОНАИ ТУРКИИ “МЕРВЕ” ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки санаи 30-юми октябри соли 2023, тақрибан соати 13:24 дар қаҳвахонаи “Мерве”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон аз ҳисоби гази моеъ таркиш ба амал омад.
“Дар натиҷаи ин таркиш ду нафар шаҳрвандон, як нафар корманд ва як нафар мизоҷи ошхонаи мазкур ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус”, ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.
“Мерве” як қаҳвахонаи пурмуштарии ғизоҳо ва шириниҳои туркист. Қаҳвахонаи воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ нахустин нуқтаи ин бренд дар Тоҷикистон буд, ки аз нимаи дуюми солҳои 90 ба ин тараф, қариб се даҳсола боз фаъолият дорад.