ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистонҲуқуқи инсон

ТАЪҚИБУ ТАҲДИДИ ПАРВАНДА БА НАВРАСИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ҲИМОЯТ АЗ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Раёсати тафтишоти вилояти Новгороди Русия шоми 27 октябри соли 2023 дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки ба санҷиши қазияи як навраси тоҷик, ки дар як мактаб дар шаҳри Валдай аз парчами миллии Тоҷикистон ҳимоят кард, шурӯъ кардааст.

 “Мақомоти тафтишотӣ ба санҷиши хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда пардохтанд. Дар Интернет видеое нашр шуда буд, ки тибқи он, фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Валдайи вилояти Новгород парчами миллиашонро ба мактаб овардаанд. Ба суоли як хонандаи духтар, ки сабаби ин корашонро пурсид, як наврас ӯро таҳдиди куштан кард. Дар ҳоли ҳозир, муфаттишот тамоми ҷузъиёти ҳодисаро, ки дар видео дида мешуд, муайян карда истодаанд. Бар асоси натиҷаҳои тафтишот, тасмими протсессуалӣ гирифта хоҳад шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Раёсати тафтишот.

Рӯзи ҷумъа, 27 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар каналҳои русии миллатгаро ва муҳоҷирбадбин, видеое пайдо шуд, ки як навраси тоҷик парчами миллии Тоҷикистон дар рӯи шонаҳояш ба як духтари симояш славянӣ таҳдид мекунад. “Баъди дарс ман бо корд мекушамат”, – мегӯяд ин навсрас ба он духтар.

Бино ба хабарҳо, ин наврас Некрӯз Иноятзода ном дошта, парчами миллии Тоҷикистонро барои намоиш дар як чорабинии фарҳангии аз сӯи маъмурияти мактабашон ташкилшуда оварда буд. Дар видео дида мешавад, ки он духтар ҳавобаландона дар бораи парчами Тоҷикистон ҳарфҳои носазо мегӯяд ва Некрӯз аз ин ба хашм омада, дар сари қаҳр ба сари он духтар фарёд мезанад.

Некрӯз Иноятзодаи пурҷасорат ҳатто аксаш бо парчами Тоҷикистонро дар саҳифаи худаш дар шабакаи “ВКонтакте” ҳам нашр кард, вале дар пайи маъракаи таъқиботие, ки ба зиддаш дар Русия ба роҳ андохтаанд, маҷбур шуд, ки саҳифаашро ҳамроҳ бо он акс пурра пок кунад.

Аз маълумоти овардашуда дар он саҳфаи алакай басташудаи Некрӯз Иноятзода бармеомад, ки ӯ аз шаҳри Душанбе буда, то кӯчиданашон ба Русия дар мактаби №2 таҳсил мекард, Мактаби №2 дар ҳудуди шаҳраки Мирзобек, дар канораҳои шарқии пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Худи Некрӯз Иноятзода ваё падару модари ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд ва дақиқан маълум нест, ки он рӯз он духтари ҳавобаланд дар бораи парчами Тоҷикистон чӣ ҳарфи носазо гуфт, ки чунин хашми Некрӯзро барангехт?

Вале бисёре аз корбарон аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунанд, то аз ин навраси тоҷик дар муқобили ин маъракаи таъқиботие, ки ба зиддаш дар Русия роҳандозӣ шудааст, ҳимоят кунанд, чунки Некрӯз ба ҳимоят аз парчами миллии Тоҷикистон бархоста, садо баланд карда буд.

Нигаронии корбарон дар бораи сарнавишти ин ноболиғи тоҷик беҳуда нест, чунки раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин бо бо бадбинии монанд ба маризиаш нисбат ба муҳоҷирон ном баровардааст ва тафтиши қариб ҳамаи парвандаҳоеро, ки ба муҳоҷирон рабт дорад, зери назорати худ мегирад ва талош мекунад, то муҳоҷиронро гунаҳкор бароварда, сахттарин ҷазо диҳанд. Инки алакай дар нахустин иттилоияи раёсати тафтишоти вилояти Новгород рафтори фарзандони муҳоҷирони тоҷик аз пеш бо рангҳои манфӣ ҷилва дода шуда, он духтари гӯё ҷабрдидаро мусичаи бегуноҳе нишон доданӣ мешаванд, ки гӯё аз ҳамсинфони тоҷикаш фақат ҳамин қадар пурсида бошад, ки парчаматонро барои чӣ ба мактаб овардед?, ба ин нигарониҳо боз ҳам бештар меафзояд.

Тавре ҳам ки интизор мерафт, рӯзи 28 октябр хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишот хабар дод, ки Александр Бастрикин парвандаи фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Валдайро зери назорати худ гирифтааст.

 “Раиси Кумитаи тафтишоти Русия амр дод, кти ба ӯ дар бораи рафтори зиддиқонунии фарзандони муҳоҷирон дар вилояти Новгород ҳисобот диҳанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, падари навраси тоҷик, рӯзи шанбе, 28 октябр бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ барои рафтори писараш узр хостааст.

“Узр мепурсем ва изҳори таассуф мекунем, ки писари мо ба ҳамсинфаш таҳдид кардааст. Хеле таассуф мехӯрем ва хоҳиш мекунем, моро бубахшед. Мо Русияро ва фарҳангу таърихи шуморо дӯст медорем ва мехоҳем дар оянда дар Русия зиндагӣ мекунем. Мо як оилаи калонем. Ин барои мо ҳам ногаҳонӣ буд. Чунин кор бори аввал рух дод”, – гуфтааст падари Некрӯз. Худи навраси тоҷик ниҳ дар видео узр хоста, ваъда додааст, ки “ин дигар такрор намешавад”.

Видеои узрпурсии ин оилаи муҳоҷирони тоҷикро Юрий Стадэ, шаҳрдори Валдай рӯзи 28 октябр дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” нашр кард.

Шаҳри Валдай бо 14 ҳазор аҳолӣ дар соҳили кӯли Валдай, дар фосилаи 140 километр аз шаҳри Великий Новгород, 300 километр аз Санкт-Петербурга ва 400 километр аз Маскав ҷойгир шудааст. Ин шаҳр бо “маҳфили Валдай”, як ҳамоиши байналмилалии коршиносони тарафдори Русия ном баровардааст, ки дар он ҳар сол президенти Русия Владимир Путин иштирок ва суханронӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button