ВидеоФарҳанг

ҲУНАРНАМОИИ ОВОЗХОН ВА ШИРИНКОРИ ТОҶИК ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ (ВИДЕО)

Овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон, ки бо иҷрои таронаҳои шӯху тӯёна ном баровардааст, дар барномаи шоумени шуҳратёри рус Андрей Малахов “Песни от всей души” дар шабакаи телевизионии “Россия” иштирок ва ҳунарнамоӣ кардааст. Қарор аст, ин нашри барнома бо иштироки Қадами Қурбон рӯзи якшанбе, 29 октябри соли 2023, соати 17:50 ба вақти Маскав дар шабакаи “Россия” нашр шавад.

Видеоэълони барномаро рхӯзи 26 октябр Қадами Қурбон дар канали худаш дар Ютуб бознашр кард.

Дар ин эълон порае аз таронаи шӯхи “Лики Лики” дар иҷрои Қадами Қурбон ва рақсидани ӯ дар иҳотаи духтарон намоиш дода шуда, Андрей Малахов овозхон ва ширинкори тоҷикро дар барномааш бо суханони баланди “”Қадами Қурбон –  ситораи Тоҷикистон!” муаррифӣ мекунад.

Қадами Қурбон, як овозхони тӯйгард аз ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), бо тарзи аҷиби таронахониаш шуҳрати зиёд пайдо кард. Ӯ аз ҷумла дар вақти ҳунарнамоияш дар аз пистолет ба ҳаво тир холӣ мекунад ва ҳангоми хондани як дуэт бо Зайнаб, ки қудои Қадами Қурбон ҳам будааст, Зайнаб овози шиҳаи аспро тақлид мекунад

Бархе таронаҳои ӯ дар Интернет чанд миллион тамошобин пайдо карданд. Худи Қадами Қурбон мегуфт, видеоҳои ӯро дар Интернет мухлисонаш мегузоранд: “Ман як телефони “Нокиа”-и оддӣ дорам ва аз ин наворҳое,ки дар интернет нашр мешавад,хабар надорам.”

Вақте мардум Қадами Қурбонро хеле сахт гирифт, ки бо таронаҳои аз ҳад соддааш санъати тоҷикро беобрӯ мекунад, овозхони шинохта Ҷонибеки Мурод аз вай пуштибонӣ кард. Ӯ соли 2019 Қадами Қурбонро ба Душанбе даъват карда, сарупо, телефон, ҳатто мӯйсараш, дар умум имиҷи ӯро нав кард ва ваъда дод, ки нахустин клип и касбиашро омода ва нашр мекунад.

Клипи “Азизам”, ки JM Company – студияи Ҷонибеки Мурод сабту нашр кард, дар байни ҳамагӣ 7 рӯз як миллион тамошобин ҷамъ овард. Ин як рекорди бесобиқа барои овозхонони тоҷик дар Ютуб буд.

“Умираю” – клипи дуюми Қадами Қурбон, ки ҳамроҳ бо Мино овоз мехонд, рекорди қаблии худи Қадамро шикаст ва алакай дар 4 рӯз қуллаи як миллионро дар Ютуб фатҳ кард. 

Ҳамин тавр, “Малика куштӣ бобота” дар иҷрои Қадами Қурбон дар Ютуб 4,6 миллион тамошобин ҷамъ овард. Вале баъди пандемия Қадами Қурбон дар сабту нашри клипҳои наваш чандон фаъол набуд ва бештар дар тӯю маъракаҳои мардум ва дар шоу барномаҳо ҳунарнамоӣ мекард.

Аммо ҳафтаи гузашта ӯ дар каналаш дар Ютуб эълон кард, ки бо як сафари ҳунарӣ ба Маскав меравад. Инак маълум шуд, ки ӯ барои иштирок дар барномаи Андрей Малахов рафтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button