ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

САФОРАТИ РУСИЯ ДАР ДУШАНБЕ ҚАБУЛИ МАРДУМ БАРОИ ГИРИФТАНИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯРО БОЗМЕДОРАД

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳфааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз 26 октябри соли 2023 қабули шаҳрвандон пиромуни масъалаи гирифтани шаҳрвандиро муваққатан бозмедорад. Дар сафорат чунин тасмимро ба он рабт медиҳанд, ки аз 26 октябр қонуни нави федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Русия” ба иҷро даромад.

 “Шаҳрвандони муҳтарам!

Ба далели аз 26 октябри соли ҷорӣ ба иҷро даромадани қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023 № 138-ФЗ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”

ба сабаби ворид кардани тағйирот ба тартиби кори бахши консулии сафорати Русия дар Тоҷикистон

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

доир ба масъалаҳои марбут ба ШАҲРВАНДӢ

МУВВАҚАТ БОЗДОШТА МЕШАВАД”, – гуфта шудааст дар эълони нашршуда дар саҳфаи сафорат.

Дар бораи инки қабули шаҳрвандон доир ба ин масъалаи муҳим кай аз сар гирифта хоҳад шуд?, дар эълон чизе гуфта нашудааст.

Зодагони Тоҷикистон дар солҳои охир дар сабқати гирифтани шаҳрвандии Русия ба як навъ “чемпион” дар байни хориҷиён табдил ёфтаанд.

Бино ба омори расмии ВКД Русия, соли 202 беш аз 173 ҳазор зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русия гирифтанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯзи 474 зодаи Тоҷикистон шиносномаи хокистарранги тоҷикиашро бо шиносномаи сурхи русӣ бо уқоби дусара дар муқовааш иваз кардааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 499 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар умум аз 106 ҳазор хориҷие, ки аз моҳи январ то марти соли 2023 шаҳрванди Русия шуданд, 44 ҳазору 854 нафараш, ё 42 фоиз аз шумораи умумии онҳое, ки шаҳрванди Русия шуданд, зодагони Тоҷикистон будаанд.

Қонуни нави шаҳрвандии Русия, ки ҳанӯз 29 декабри соли 2021 аз ҷониби президенти он кишвар Владимир Путин ироа шуда, моҳи апрели соли 2023 аз сӯи Думаи давлатӣ ва сипас аз ҷониби Шӯрои федералӣ пазируфта шуд, имкони дарёфти шаҳрвандии Русияро боз осонтар мекунад.

Хабаргузории русии ТАСС аз ҷумла ба нуктаҳо ишора кардааст, ки ба ҷуз аз чанд ҳолати истисноӣ, ки дар дасти президенти Русия боқӣ мемонад, дар ҳама ҳолатҳои дигар ироаи шаҳрвандӣ пурра ба ихтиёри вазоратҳои дохила ва хориҷа мегузарад,ки ин замони баррасии аризаҳоро аз як соли феълӣ то 3 моҳ коҳиш медиҳад. Ҳамин тавр, барои беш аз 20 категорияи ҷӯяндагони шаҳрвандии Русия талабот сабуктар карда шуда, доираҳои васеътари собиқ шаҳрвандони Шӯравиро метавонанд шаҳрванди Русия эътироф кунанд. Дар айни замон, барои пешгирӣ аз никоҳҳои қалбакӣ, тартиби содаи ироаи шаҳрвандӣ барои шахсони ба шаҳрвандони Русия издивоҷкарда танҳо баъди таваллуди фарзанди умумиашон фароҳам хоҳад шуд ва онҳое, ки бо барномаи “Переселение” ба Русия мекӯчанд, низ бояд аз забони русӣ ва таъриху фарҳанги Русия имтиҳон супоранд.

Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф алакай қариб як миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон, аксаран бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд ва бо вуҷуди ҷанги зидди Украина ва нишонаҳои  буҳрони иқтисодӣ дар Русия,  тавре ба назар мерасад, раванди шаҳрвандии Русияро гирифтани зодагони Тоҷикистон дар солҳои наздик ҳамчунон рӯ ба афзоиш боқӣ хоҳад монд.

Бар илова, дар солҳои охир шумораи онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама, аз фақре бекорӣ дар кишвар ва аз эҳсоси ноумедии мардумба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.

Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button