ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КӮДАКИ СЕСОЛА ДАР РӮИ ҲАВЛӢ ЗЕРИ ЧАРХИ “СТАРЕКС” ҶОН ДОД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати боз як тифли хурдсол дар зери чархи мошин хабар дод. Бино ба иттилои ВКД, нимаи дуюми рӯзи 24-уми октябри соли 2023, тахминан соати 17:00, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай-Старекс”, Зайниддинов Шарофиддин, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳавлии истиқоматиаш ногаҳон хурдсол Пирова Бибиробия, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

ВКД гуфт, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Ин ягона ҳолати марги кӯдакони хурдсол дар зери чархи мошин дар рӯзҳои охир нест.

ВКД қаблан хабар дод, ки шоми 20-уми октябри соли 2023, тахминан соати 19:55, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Тағоев Султонмурод Бекмуродович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми харакат дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷабборова Гулноза Зиёдуллоевна, соли таваллудаш 1989 ва хурдсол Ҷабборзода Хурсандмурод Сироҷиддин, соли таваллудаш 2022, сокинони шаҳри Панҷакентро, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузаштанд, пахш намудааст. Дар натиҷа, Ҷабборова Г.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, хурдсол Ҷабборзода Х.С. дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдаконанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button