ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АВБОШИИ ПИРАМАРДИ 71-СОЛА ДАР ДАРЁБОДИ РӮДАКӢ ВА ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ЯКСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РОҲГУЗАР ДАР САРАЗМ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2023

Ҳалокати писарбачаи хурдсол дар ҳодисаи нақлиётӣ

13

20-уми октябри соли 2023, тахминан соати 19:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Тағоев Султонмурод Бекмуродович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми харакат дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷабборова Гулноза Зиёдуллоевна, соли таваллудаш 1989 ва хурдсол Ҷабборзода Хурсандмурод Сироҷиддин, соли таваллудаш 2022, сокинони шаҳри Панҷакентро, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузаштанд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Ҷабборова Г.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, хурдсол Ҷабборзода Х.С. дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Даст ба авбошӣ задани пирамарди 71-сола

121

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми октябри соли 2023, тахминан соати 12:10-дақиқа, дар маҳаллаи “Дарёбод” пирамарди 71-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ӯ муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба узвҳои бадани ҷабрдида зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button