ВарзишВидео

ДЕКА-ТРИК: ҲАМЛАГАРИ “ИСТАРАВШАН” ИЛҲОМ БАРОТОВ ДАР ЯК БОЗӢ 10 ГОЛ ЗАД!

Бошгоҳи “Истаравшан” рӯзи 22 октябри соли 2023 дар даври 23-юми мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар дастаи “Душанбе” бо ҳисоби бузурги 13:3 ғолиб омада, мавқеашро дар ҷадвали мусобиқот боз ҳам мустаҳкамтар кард.

Ҳоло “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ), ки дар даври охир низ дар меҳмонӣ бар бошгоҳи “Парвоз” (фурудгоҳи Хуҷанд) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, бо 47 имтиёз дар раъси ҷадвал қарор дошта, “Истаравшан” бо 46 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд ва амалан роҳхатҳоро ба лигаи олии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар ҷайби худ андохтаанд. “Барқчӣ” (Ҳисор), ки 41 имтиёз дорад, ва “Ҳулбук” (Восеъ) бо 38 имтиёзаш дигар тавони дарёб кардани ин ду ғолиби мусобиқаҳои имсолаи лигаи якумро надоранд.

Аммо бозии “Душанбе” – “Истаравшан” нафақат бо ҳисоби бузурги 3:13 дар хотирҳо нақш баст, балки ҳамчунин дар ин бозӣ ҳамлагари “Истаравшан” Илҳом Баротов рекорди ҳайратангезе гузошта, ба дарвозаи ҳариф 10 гол зад. Дар олами футбол 10 гол дар як бозиро дека-трик меноманд.

Бо ин 10 гол Илҳом Баротов дар пойгаи нишонзанҳои Лигаи якум-2023 аз Шоҳин Боев аз дастаи “Моҳир” (Ёвон) пеш гузашт ва бо 31 гол пешсаф шуд. Шоҳин Боев бо 26 гол ба ҷои дуюм фаромад.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid0ibh97QbZcLXqS3qA37F6BWiwbTRazp6uudEWk3DQu3SbBBfX99SYVG93UNqg5ttLl&id=100063686395026

Мавридҳое, ки ягон футболбоз дар як бозӣ дека-трик кунад, ангуштшуморанд.

Соли 2001 бозии Австралия – Самоа бо ҳисоби боварнокардании 31:0 анҷом ёфта буд ва дар он бозӣ ҳамлагари мизбонон Томпсон ба дарвозаи тими заифи Самоа 13 гол зада буд.

Моҳи майи соли 2023 дар чемпионати Украина байни дастаҳои занона “Ворскла” бар “Атекс” бо ҳисоби бузурги 23:0 ғолиб омад ва 14 голро дар ин бозӣ Яна Калинина аз дастаи “Ворскла” зад.

Соли 2019 дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон ситораи ҷавони футболи Норвегия Эрлин Ҳолланд ба дарвозаи Ҳондурас 9 гол зада буд ва он бозиро тими Норвегия бо ҳисоби 12:0 бурд.

Дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон 12 бошгоҳ бо ҳам рақобат мекунанд. Ба ҷуз аз он 4 дастаи пешсаф, ки дар боло ном бурдем, дар ин лига дар зинаи панҷум ҳоло “Моҳир” (Ёвон) бо 33 имтиёз дар зинаи панҷум ва “Шодмон”, боз як даста аз Ҳисор бо 26 имтиёз дар ҷои шашум аст.

“Сарҳадчӣ” аз Ҳамадонӣ 25 имтиёз, “Парвоз” 24 имтиёз, “Саройкамар”-и Панҷ 21 имтиёз, “Ориён” аз Исфара 16 имтиёз дошта, “Душанбе”, ки бо ҳисоби бузург аз “Истаравшан” шикаст хӯрд, ҳамагӣ 9 имтиёз дошта, дастаи “Гулистон” аз собиқ Қайроққум ягон имтиёз ба даст наовардааст. Дар лигаи якум имсол мебоист дастаи “Равшан” аз Зафаробод низ ҳунарнамоӣ мекард, вале ин даста ба далели мушкилоти молиявӣ ҳанӯз то поёни нимаи аввали мусобиқот аз идомаи рақобатҳо даст кашид ва натиҷаҳои тамоми бозиҳои анҷомдодаи “Равшан” бекор карда шуд.

https://www.instagram.com/p/CysspeQi5xZ/?hl=en

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button