ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ОВОЗХОНИ ТОҶИК ФАРРУХ ҲАСАНОВ БА НИМФИНАЛИ ОЗМУНИ “НУ-КА, ВСЕ ВМЕСТЕ!” РОҲ ЁФТ (ВИДЕО)

Овозхони ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода), ки ҳамагӣ 25 сол дорад, ба даври ниманиҳоӣ ё нимфинали мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” роҳ ёфт. Пирӯзии Фаррухро овозхони шуҳратёри рус Николай Басков, ки муҷрии ин озмун аст, эълон кард.

Мавсими панҷуми озмуни “Ну-ка, все вместе!” 8 сентябри соли 2023 оғоз ёфт. Ҳунарнамоии Фаррух Ҳасанов шоми 20 октябр нашр шуд.

Фаррух пеш аз оғози ҳунарнамоӣ гуфт:  “Ман аз рӯи касбам дипломат ва тарҷумону забоншиносам. Вале дер боз ба мусиқӣ машғулм ва дар дунёи мусиқӣ оромиш пайдо кардаам. Ин як дунёи дигар аст. Дар саҳна ман кӯшиш мекунам, ки худам бошам. Ҳамин кофист, Медонам, ки тамоми мардумам, тамоми Тоҷикистон ва аҳли оилаам маро мухлисӣ доранд”.

Фаррух барои ин даври озмун таронаи Lovely аз Билли Айлиш ва Холидро, ки бо он қаблан ҳакамони озмуни “Central Asia’s Got Talent”ро ба ваҷд оварда буд, интихоб кард. Ӯ баробари бо саҳна баромадан иҷрои таронаро бо навохтани навояш бо панҷаҳояш дар рӯи қалби худ оғоз кард, ки ин ҳамаро ба ваҷд овард. Яке аз доварон гуфт, ки Фаррух бо ин шева мехоҳад навои таронаро ба навои қалби худ ҳамоҳанг кунад ва сипас таронаашро бисарояд.

Аммо аз 100 узви ҳайъати ҳакамон танҳо 94 нафар ба иҷрои Фаррух овоз доданд ва роҳхати мустақим ба даври ниманиҳоиро Дмитрий Мататов бо касби 99 овоз ба даст овард.

Дар набарди ҳалкунанда овозхони ҷавони жзодаи Душанбе таронаи Arcade аз ғолиби озмуни  “Евровидения-2019” Дункан Лоуренсро иҷро кард ва бо касби 99 овоз ба рақиби худ аз Арманистон Ваагн Минасян, ки ҳамагӣ 72 овоз гирифт, ягон шонс боқӣ нагузошт ва роҳии даври ниманиҳоӣ ё нимфинали озмуни “Ну-ка, все вместе!” шуд.

Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода) 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, миллаташ тоҷик аст.  Ӯ аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқу рағбат дошт ва дар баробари мактаби миёна дар студияи мусиқӣ низ таълим мегирифт. Аммо баъди хатми мактаб ҳангоми интихоби касб аз интихоби роҳи ҳунар бим дошт, ки ба риштаи тарҷумониву забоншиносӣ дохил шуд. Фаррух як муддат аз рӯи касб кор кард, вале ишқи мусиқӣ дар ниҳоят боз ӯро ба ҷодаи ҳунар овард.

Исми Фаррух Ҳасанов ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia’s Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Ин озмун нахустин қадами Фаррух Ҳасанов ба сӯи саҳна гардид ва ӯ баъди ин чати худро ташкил кард ва таронаҳои тоҷикиву хориҷиро зери навои ғижжаку гитор иҷро мекард.

Фаррух батадриҷ аз иҷрои таронаҳои дигарон ба таҳия ва иҷрои таронаҳои худаш рӯ овард. Устоди ӯ Зафар Абдуалимов, писари овозхони фақиди тоҷик Хадиҷа Абдуалимова шуд. Таронаҳои ӯ бо номҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забон русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” тамошобини зиёде ҷамъ овардаанд. Соли 2022 Фаррух Ҳасанов дар Ватанаш, Тоҷикистон сазовори ҷоизаи озмуни миллии “Tarona Music Award” гардид.

Фаррух Ҳасанов дар оғози соли 2023 бо нашри чанд акс дар Инстаграм аз издивоҷаш хабар дод, вале акси ҳамсарашро бо смайлик аз чашми ҳама пинҳон кард.

Дар тирамоҳи соли 2023 Фаррух ба мавсими панҷуми озмуни “Ну-ка, все вместе!” пайваст ва инак, ба даври ниманиҳоии ин озмун расид. 

Фаррух мегӯяд, дар вақташ зери таъсири таронаҳои овозхони канадагӣ Ҷастин Бибер пой ба саҳнаи ҳунар гузошт ва то ҳол мухлиси ин овозхон буда, мехоҳад бо ӯ дар як саҳна ҳунарнамоӣ кунад. Мошини “Мерседес”, ки Фаррух дорад, туҳфаи падараш дар зодрӯзаш аст. Ин ҷавони зодаи Душанбе сайру саёҳатро дӯст медорад ва мегӯяд, аз тамошои Олмону Белгия хеле мутаассир шуда буд. Ӯ мегӯяд, ки бисёр вақт атрофиён фикр мекунанд, ки ӯ амрикоӣ ё итолиёвист.

Ин матлаб бар асоси тарҷумаи ҳоли Фаррух Ҳасанов дар сомонаи 24СМИ омода шудааст.

Манбаъ: https://24smi.org/celebrity/303617-farrukh-khasanov.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button