ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

ДУОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАЗОРИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ (9 AKC)

Рӯзи 19 октябри соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд рӯз боз бо сафари корӣ дар минтақаи Кӯлоб қарор дорад, аз мазори олим, шоир ва мутафаккири маъруф Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб зиёрат кард.  Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Кӯлоб “ба нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд”.

Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми зиёрати мазори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва яке аз набераҳои президент ҳамроҳӣ мекунанд. Дар аксҳо дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳи майдони назди мақбараро аз болои қолини сурх тай мекунад, вале ҳамроҳонаш, аз ҷумла Давлаталӣ Саид на аз болои қолин, балки аз ду паҳлуи он қадам мезананд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихӣ дар даврони истиқлол пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба як макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо сайёҳи дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон ташриф меоранд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва масъулини Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ин макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохолию хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас додааст.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад”.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар асри 14 ба сар бурдааст, дар пайи ба Эрон лашкар кашидани амир Темури ланг дар синни 65 ҷилои Ватан кард ва чандин сол дар Кӯлоб ба сар бурд. Ӯ дар Кунари Афғонистон фавтид, вале тибқи васияташ, ҷанозаашро ба Кӯлоб оварда, дар инҷо ба хок супурданд.  Мазори ӯ дар Кӯлоб бо номи мазори Ҳазрати Амирҷон маъруф аст ва мардуми ин минтақа ба ин мазор арҷи зиёд мегузоранд.

Дар Тоҷикистон ба шахсияти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ эҳтироми зиёд мегузоранд. Ноҳияи собиқ Москва дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳоло номи Мир Сайид Алии Ҳамадониро дорад. Ҳамин тавр, пули 10-сомонӣ бо акси ин шахсияти таърихӣ бо ин се байташ зиннат ёфтааст:

Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар ӯро ёр бод,

Ҳаркӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод.

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button