ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсатЧеҳраҳо

СИЁСАТМАДОРИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ШОДӢ ШАБДОЛОВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, раҳбари қаблии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Давлатович Шабдолов 19 октябри соли 2023, ҳамагӣ 2 рӯз баъди 80-солагиаш дар зодгоҳи худ, шаҳри Хоруғ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Азамат, писари Шабдолов хабар дода, гуфтааст, падараш бемор буд. Мироҷ Абдуллоев, раиси кунунии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ даргузашти раҳбари собиқи ин ҳизбро тасдиқ карда, гуфт, “Шодӣ Давлатович 7-8 моҳи охир бемор буд”. Аммо дар ин бора ки Шодӣ Шабдолов аз чӣ беморӣ ранҷ мекашид, ки иллати маргаш шуд?, чизе гуфта нашудааст.

Шоди Шабдолов дар ҳақиқат яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистони муосир ба шумор мерафт ва аз гуфтани назари худаш пиромуни масоили доғ наметарсид. Барои ҳамин ростгӯиву росткориаш ӯро дар ҷомиа дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд ва дар айни замон дар болоҳо чандон хушаш надоштанд.

Ситораи Шабдолов дар осмони сиёсати Тоҷикистон баъди интихоботи парлумонии соли 2015, ки ҳизби ӯ бори аввал дар таърихи худ натавонист садди панҷфоизаро убур кунад ва ба парлумон роҳ биёбад, рӯ ба суқут овард. Моҳи июли соли 2016 дар анҷумани 32-юми ҳизб гуруҳи тарафдорони ҳукумат дар дохили ҳизби коммунист Шабдоловро аз раисӣ гирифтанд ва гунаҳкораш ҳам карданд, ки бо роҳбарони ҷумҳурӣ муносибати дуруст барпо карда натавонист ва ҳамин муносибатҳои бади ӯ бо ҳукумат боис шуд, ки коммунистҳоро ба парлумон роҳ надиҳанд.

Худи Шодӣ Шабдолов барканориаш аз раҳбарии ҳизбро “табаддулот” номида, гуфта буд, ки ӯро барои бе ибо аз роҳбарони аввал гуфтани ҳақиқат барканор карданд.

Шодӣ Шабдолов 17 октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Шабдолов чандин сол дар нирӯгоҳи Помир ба ҳайси муҳандис кор карда, номзади илмҳои иқтисодӣ ҳам буд. Ӯ солҳои 1983-1985 дар Афғонистон ба ҳайси мушовири аршади Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) дар Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократӣ, ки ҳизби ҳокими вақти Афғонистон  буд, кор карда, баъди бозгашташ аз соли 1985 то 1989 котиби якуми кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Хоруғ буд. Шабдолов соли 1989 ба Душанбе омад ва то соли 1991 дар мақомҳои мудири шуъбаи саноат ва сипас котиби идеологии кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон кор кард.

Соли 1991 Шабдолов раиси ҳизби коммунист интихоб шуд ва то соли 2016, дар тӯли 25 сол, ё чоряк аср ба ин ҳизб раҳбарӣ кард. Шабдолов ҳамин тавр, аз соли 1989 то 2015, дар тӯли 26 сол вакили парлумони Тоҷикистон  буд: То соли 2000 вакили Шӯрои олӣ ва аз соли 2000 то 2015 —вакили Маҷлиси намояндагон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button