ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР АШТ, ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 4 МОШИН, ДУЗДИИ КӮДАКИ 12-СОЛА ДАР ТУРСУНЗОДА, ГОВДУЗДӢ ДАР ФАЙЗОБОД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2023

Ҳалокати мусофир зимни ҳодисаи нақлиётӣ

63

17-уми октябри соли 2023, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сидиқов Комрон Шавкатович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт ба ядаки автомашинаи “КАМАЗ”, ки дар канори рости роҳ гузошта шуда буд, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Ҳакимов Ҳалимҷон Акрамович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронанда Сидиқов К. ва мусофирони дигари автомашина Бобоалиев Фирӯз Фурқатович ва Тоштемиров Эҳсон Хушназарович, соли таваллудашон 1987, сокинони ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани тақаллубкориҳо вобаста ба хариду фурӯши автомашина

03Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, автомашинаи тамғаи “Авалон”-ро 205 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда қисман маблағашро пардохт карда, автомашинаи мазкурро ба гарав гузошта маблағи ба даст овардашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Инчунин, гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро 741 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, онро ба гарав гузошта маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2023, марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Киа-Спортейҷ» арзишаш 150 ҳазор сомонӣ ва «Тойота Кемри-2» арзишаш 140 ҳазор сомониро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 3 рӯз маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда аз ин маблағ 107 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 183 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонида, фиреб карда гаштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 12-сола

143

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 62-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 15 ба 16-уми октябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии писараш марди 40-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз он ҷо 6-адад ангуштарини тиллоӣ, 3 ҷуфт гӯшвори тиллоӣ ва 1-адад дастмонаи тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 12-солаи сокини шаҳри Турсунзода содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми дуздии чорво

050

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи мавзеи Чакали ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ҳамин ноҳия як сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 31 ва 33-солаи сокинони ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани ҷиноятти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button