Варзиш

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА 7 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО + 8 АКС)

Рӯзи 19 октябри соли 2023 шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 7 варзишгареро, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиё барои Тоҷикистон медал оварданд, ба ҳузур пазируфт ва тибқи ваъда, ба ҳар яки онҳо вобаста ба медалҳои гирифтаашон хона туҳфа кард. Тақдими манзилҳои нав якбора ба 7 варзишгари тоҷик барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бори аввал сурат мегирад.

Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ ин 7 варзишгарро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин (Хитой) ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ҳамчун нишон қадрдонӣ ба Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев, ки дар мусобиқаҳои гуштини дзюдо (ҷудо) ва бокс дар Ҳангчжоу сазовори медалҳои тилло шуданд, калидҳои хонаи 3-ҳуҷрагиро супурд. Ҳамин тавр, ба Темур Раҳимов барои дарёфти медали нуқра дар мусобиқоти гуштини ҷудо хонаи дуҳуҷрадор ва ба Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (гуштини кураш) ва Миҷгона Самадова (бокс) калидҳои хонаҳои якҳуҷрадор тақдим карда шуд.

Рустами Эмомалӣ зимни тақдими хонаҳо ба варзишгарони комёб дар мусобиқаҳои оянда барору пирӯзӣ таманно карда ва таъкид кардааст, ки ҷавонони бонангу номус  муаррификунанд ва номбардори ватани хеш ба шумор мераванд ва ҳамеша таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста қарор доранд.

Хотиррасон менамоем, дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи баргузор гардид, 118 варзишгари тоҷик иштирок доштанд. Тими Тоҷикистон аз ин мусобиқот бо 7 медал – ду тилло, як нуқра ва чор биринҷӣ ба ватан баргашт.  Тоҷикистон аз лиҳози сифати медалҳо дар байни 45 кишвар дар зинаи 24-ум ва аз лиҳози шумораи умумии медалҳо дар зинаи 25-ум қарор гирифт.

Аз қабл эълон шуда буд, ки ба варзишгарони тоҷике, ки дар ин мусобиқот соҳиби медали тилло мешаванд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ супорида мешавад. Барои медали нуқра 100 000 сомонӣ ва барои медалибиринҷӣ 50 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар шудааст.

Бар илова, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қарореро имзо кард, ки бар асоси он, ба барандагони медалҳои нуқраи Бозиҳои Осиё дар пойтахт  хонаи сеҳуҷраӣ, барои барандагони медалҳои нуқра – хонаи дуҳуҷраӣ ва барои онҳое, ки соҳиби медали биринҷӣ мешаванд, хонаи якҳуҷрагӣ тақдим карда мешаванд.

Бозиҳои Осиё аз соли 1951 таҳти сарпарастии Кумитаи олимпии Осиё доир карда мешаванд.

Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё иштирок дорад. Дар ин муддат варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот дар умум 34 медал, аз ҷумл 6 тилло, 7 нуқра ва 21 биринҷӣ ба даст овардаанд. Се медали тиллоро барои Тоҷикистон гурзандози шуҳратёри тоҷик Дилшод Назаров, ду тиллои дигарро Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев дар риштаи бокс ва як медали тиллои дигарро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи гуштини дзюдо (ҷудо) ба даст овардаанд.

Возможно, это изображение 8 человек и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button