ВидеоДин ва боварҳо

ДАЪВАТИ ҚОРӢ АБДУҚАҲҲОР БА МАҚОМОТ БАРОИ СУХАНОНАШ ДАР БОРАИ БЕНАМОЗҲО (ВИДЕО)

Кумитаи дини Тоҷикистон шоми 18 октябри соли 2023 бо нашри як изҳорот тасдиқ кард, ки Абдуқаҳҳор Мирзоев, маъруф ба Қорӣ Абдуқаҳҳор, як рӯҳонии маъруф аз Ҳисорро дар пайи расонаӣ шудани як суханрониаш дар маросими намози ҷаноза ба “мақомоти дахлдор” даъват кардаанд. Рӯзи 18 октябр журналист Абдуқодир Талбаков аз қавли як шоҳиди намози ҷанозаи як духтари ҷавонмарг дар деҳаи Турдибобо дар канори шаҳри Ҳисор хабар дод, ки гӯё рӯзи 17 октябр Қорӣ Абдуқаҳҳор дар мавъизааш падари духтари марҳумро, ки дар синни 25 аз бемории қанд даргузашт, барои намоз нахонданаш бо як лаҳни тунд мазаммат кардааст.

Худи Қорӣ Абдуқаҳҳор барои шарҳи ин моҷаро дастрас нест, вале Кумитаи дин дар баёнияаш гуфт:  “Эҳтимолияти паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Мирзоев Абдуқаҳҳор аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад”.

Кумитаи дин ҳамчунин хабар додааст, ки “шаҳрванд Мирзоев Абдуқаҳҳор Гурезович дар ягон масҷиди ҷомеъ ё панҷвақтаи кишвар ба сифати имомхатиб ё имом фаъолият намекунад.  Тибқи иттилои бадастомада, рӯзи 17 октябр номбурда дар деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор намози ҷанозаро имоматӣ кардааст. Дар ҳоле ки тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятро имоми масҷиди панҷвақтаи деҳа дорад. Имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи мазкур Аминов Неъматулло мебошад”.

Ҳанӯз маълум нест, ки чаро ба ҳайси имоми намози ҷанозаи он духтари сокини деҳаи Турдибобо ба ҷои имоми масҷиди ин деҳа Қорӣ Абдуқаҳҳорро, ки аз деҳаи бо Турдибобо ҳамсояи Дурбат аст, интихоб кардаанд?

Абдуқодир Талбаков рӯзи 18 октябр дар саҳифааш дар Фейсбук аз қавли як шоҳид хабар дод, ки рӯзи 17 октябр дар деҳаи Турдибобо духтари ҳамагӣ 25-солаеро, ки баъди 11 соли азобу азият аз бемории диабети қанд даргузашт, дафн кардаанд.  Дар маросим намози ҷанозаи ӯ Қорӣ Абдуқаҳҳор гӯё падари марҳумро сарзаниш карда, гуфтааст: “Ман медонам, ки ин оила бенамоз ҳастанд… Бенамоз кист? Бенамоз ҳоҷатхона аст. Бенамоз саги мурдагӣ аст…”

Ба гуфтаи шоҳиди ҳодиса, гӯё Қорӣ Абдуқаҳҳор алфози қабеҳи аз ин қабилро пушти ҳам қатор карда, соҳиби майитро барои нахонданаш хеле сарзаниш кардааст.

“Аҷабо, оё нафареро, ки ҷигарбанди ғӯрамаргашро аз даст додааст ва хун мегиряд, дар ҳамин лаҳза бо чунин лаҳн мазаммат кардан, аз таълимоти дини мубини Ислом астГ? Оё ин рафтори домулло ба фармудаи шаръии “Изои мӯъмин ҳаром аст” созгор мебошад? Оё дағалона ба мардум муносибат кардан, ба назар нагирифтани фармудаи Шариати азизамон “Малоли қавм ҷоиз нест” намебошад?” – навиштааст манбаи Абдуқодир Талбаков.

Сокинони деҳаи Турдибобо хабари маргу дафни як духтари ҷавони гирифтори бемории қанд дар санаи 17 октябрро тасдиқ карданд, вале мегӯянд, лаҳни суҳбати Қорӣ Абдуқаҳҳор дар маросими намози ҷаноза ба ин ҳад тунду пурмаломат набуд, ки ба қалам додаанд.

Қорӣ Абдуқаҳҳор аз рӯҳониёни маъруфи Ҳисор ба шумор рафта, бо рӯҳониҳои машҳуре, чун домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ҳамнишин будааст. Ӯ бо мавлудхонӣ ва мавъизаҳояш дар байни аҳли дин ном баровардааст. Ӯ аз ҷумла дар як мавъизааш дар боби намоз аз ҳама даъват мекунад, ки намозҳои худро ҳамеша ва сари вақт адо кунанд, чунки касе ҳатто барои як ракъат намози нагузоридааш пеши Худованд ҷавоб гуфта наметавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button