ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУСОҲИБА БО БЕҲРӮЗ АЗ ДУШАНБЕ, КИ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА АСИР АФТОДААСТ (ВИДЕО)

Журналисти шинохтаи украинӣ Дмитрий Гордон ахиран мусоҳибаи муфассали қариб нимсоатаеро бо Беҳрӯз ном як ҷавони 26-солаи зодаи шаҳри Душанбе, ки дар ҷанги Украина асир афтодааст, нашр кард. Беҳрӯз аз ҷумлаи он маҳбусони тоҷикест, ки аз зиндонҳои Русия бо ваъдаи озодӣ ба ҷанги зидди Украина ҷалб карда шудаанд.

Беҳрӯз дар ин мусоҳиба нақл кард, ки соли 2013, вақте ҳамагӣ 16 сол дошт, ба Русия, ба назди падараш омад, ки дар як хоҷагии кишоварзӣ фермерӣ мекард. Ӯ 19 сол дошт, ки бо ҷурми дуздӣ ва ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шуд. Беҳрӯз баъди аз зиндон озод шудан як муддат дар як анбор ба ҳайси ҳаммол кор кард, вале боз пой ба роҳи хатарноки ҷиноӣ гузошт ва боз маҳкум ба зиндон шуд. Ин дафъа барои қочоқи маводи мухаддир.

Беҳрӯз мегӯяд, дар як маҳбас дар шаҳри Толяттии вилояти Самара адои ҳукм мекард, ки ҷанги Украина сар шуд. Беҳрӯз мегӯяд:  “Баъд сар шуд тарғиби маҳбусон барои рафтан ба ҷанг. Мегуфтанд, ки ним сол меҷангед ва тамом, ба озодӣ мебароед. Ду дафъаи аввал худи Евгений Пригожин, раҳбари ЧВК “Вагнер” омад.  Мегуфт, ки артиши Русия ҳамаро аз даст дод, кумак лозим. Дар маҳбаси мо беш аз 500 маҳбус буд. Дафъаи аввал Пригожин беш аз 200 нафарро, яъне сеяки маҳбусонро бо худ ба ҷанг бурд. Дафъаи дуюм ягон 15 кас рафт бо одамони  ЧВК “Вагнер”. Дафъаи сеюм аз вазорати мудофиаи Русия омаданд. Мегуфтанд, ки ним сол хидмат мекунед, агар хоҳед, давом медиҳед, нахоҳед, ба озодӣ мебароед  ва бо сари баланд, бе доғи судӣ кору зиндагӣ мекунед”.

Беҳрӯз, ки ду дафъаи аввал ба ваъдаҳои ЧВК “Вагнер” дода нашуд, дафъаи сеюм ба пешниҳоди вазорати мудофиаи Русия розӣ шуд ва робаи маҳбусиро бо камуфляж иваз кард. Беҳрӯз мегӯяд, ба фарқ аз одамони ЧВК “Вагнер”, ки фиристодани маҳбусон ба хатти пеши ҷабҳаро пинҳон намекарданд, одамони вазорати мудофиа онҳоро фиреб дода, гуфтанд, ки онҳоро ба хатти дуюми мудофиа мебаранд, на ба хатти аввал.

Бино ба нақли Беҳрӯз, онҳоро моҳи майи соли 2023 ягон ду ҳафта дар ҳудуди вилояти Донетск машқ дода, ба ҷабҳа фиристоданд. Ӯ мегӯяд, корашон аввал хандақканӣ буд, вале баъди як моҳ гуфтанд, ки акнун ба ҷанг меравед.

“Мо ҳанӯз то хатти ҷабҳа нарасида, талафоти зиёд додем. Ҳам “200” (яъне мурда” буд ва ҳам “300”(яъне захмиҳо). Дар як муддати кӯтоҳ аз 110 нафари мо ҳамагӣ 35 нафар мондем. Дигар ҳама ё “200” шуданд, ё “300”. Мурдаҳо то чанд рӯз онҷо мехобиданд, касе ҷамъашон намекард. Рангу рӯяшон сиёҳ мешуд, бӯ мегирифтанд. Вақте мурдаҳоро медидам, дилам беҳузур мешуд, қай мекардам. Хеле тарсида будам. Ба худам мегуфтам, ки агар Худо маро аз ин варта халос кунад, дигар ҳеҷ гоҳ ба даст силоҳ намегирам. Ба зидди ҳеҷ кас!”, нақл мекунад Беҳрӯз.

Вақте онҳо ҳамагӣ 35 нафар монданд, Беҳрӯзу ҳамяроқонашро барои истироҳат фиристоданд. Дар ҳамин вақт яке аз сарбозон ба онҳо гуфтааст, ки дар байни нирӯҳои Украина як хешовандаш меҷангад ва агар бихоҳанд, метавонанд таслим шаванд ва ҷони худро халос кунанд. Беҳрӯз мегӯяд, ки ягон бор дар тӯли як моҳи хидматаш ягон тир холӣ накарда буд ва аз ин рӯ, ин пешниҳодро пазируфт. Ба онҳо роҳ нишон доданд, ки чӣ гуна беосеб аз майдонҳои минакоришуда гузаранд ва таслим шаванд ва онҳо аз ин имкон истифода бурданд.

Беҳрӯз мегӯяд, ҳоло дилаш хеле мехоҳад ба Тоҷикистон бармегардад. “10 сол боз набудам дар Тоҷикистон. Хеле дилам мехоҳам, ки ба Ватанам баргардам”, мегӯяд Беҳрӯз.

Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва дар ҳафтаҳои аввал як қисмати қаламрави он кишварро ишғол кард. Вале баъдан таносуби нирӯҳо тағйир ёфт ва украиниҳо як қисми қаламравҳои аз сӯи Русия ишғолшударо пас гирифтанд.

Дар пайи ин дар Русия мавҷи аввали мобилизатсия роҳандозӣ шуд ва ҳамзамон муҳоҷирон ва маҳбусонро ба сурати оммавӣ ба ҷанг ҷалб карданд. Ба муҳоҷирон дар ивази дарёфти осони шаҳрвандии Русия ва ба маҳбусон озодии зуд аз маҳбасро ваъда медоданд. То имрӯз дар бораи ҳалокати даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳо маҳбусонанд, ки ба ваъдаи озодии зуд дода шуда, ҷони худро дар ин ҷанги бегона аз даст доданд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button