МуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ ҶАВОНИ ТОҶИК ҲАНГОМИ АЗ САРИ ДЕВОРИ ЗИНДОНИ РУСИЯ БА ДАРУН ПАРТОФТАНИ ЧАНД ТЕЛЕФОН ВА ҲАШИШ (ВИДЕО+5 АКС)

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Мордовияи Русия рӯзи 17 октябри соли 2023 хабар дод, ки корманди пулис ва идораи зиндонҳо дар ҳудуди ноҳияи Зубова Поляна як курйери ширкати “Яндекс Такси”-ро ҳангоми иҷрои фармоиши як маҳбус дастгир кардаанд. Ба зидди ин қосид бо иттиҳоми мусоидат ба қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир парванда кушодаанд.

Бино ба иттилои пулиси Мордовия, як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, ки дар вилояти Маскав сабти ном дошт, дар назди девори як маҳбас дар ноҳияи Зубова Поляна замоне дастгир шуд, ки мехост чанд бастаро аз сари девор ба даруни маҳбас партояд. Дар ин бастаҳо чанд телефони мобил ва ҳамчунин 93 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш (чарс) пайдо кардаанд.

Бино ба фарзияи тафтишот, яке аз маҳбусони ин зиндон тавассути мессенҷер барояш овардани телефонҳо ва маводи мухаддирро фармоиш додааст.

Дар видеои кӯтоҳи лаҳзаи бозҷӯияш, ҷавони тоҷики дастгиршуда гуфт, ки ӯ дар ширкати “Яндекс Такси” ҳамчун қосид (курйер) кор мекард ва намедонист, ки дар даруни бастаҳое, ки мебарад, маводи мухаддир пинҳон кардаанд.  Ин ҷавон мегӯяд, чанд бастаро ба ӯ одамони барояш ношинос дода, хоҳиш кардаанд, ки ба Мордовия бурда, ба як маҳбус бирасонад. Ҷавон бо мошини такси аз Маскав 450 километр роҳро тай карда, то ба Зубова Поляна омадааст, вале ҳангоми ба даруни маҳбас партофтани “дастовез” дастгираш кардаанд.

Тафсилоти дигари қазия дастрас нест. ВКД Мордовия гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад ва тафтишот дар ҳоли ҳозир машғули муайян кардани ҷузъиёт ва шарикони ин ҷавон мебошад.

Мордовия ҳанӯз аз даврони таъқиботи Сталин, як макони умдаи маҳбасҳо дар қисмати аврупоии Русия ба шумор мерафт. Дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ, асосан дар қаламрави ноҳияи Зубова Поляна даҳҳо маҳбас ҷойгир шудаанд.

Дар умум, бино ба омори ФСИН, идораи федералии зиндонҳои Русия, дар маҳбасҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор тоҷикистонӣ адои ҳукм мекунанд. Бисёрии онҳо барои ҷиноятҳое, чун тақаллуби аснод, убури ғайриқонунии марзи Русия, дуздӣ ва қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Вале онҳое ҳам зиёданд, ки  дар Русия барои одамкушӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигари сангин маҳкум ба солҳои тӯлонии маҳбас шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button