ВидеоМуҳоҷирон

МУҶОЗОТИ 300 НАФАР ВА ИХРОҶИ 34 КАС БАРОИ ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ ҚИРҒИЗҲО ДАР КОНИ “ГАЗПРОМ” (ВИДЕО)

Раёсати Додситонии кулли Русия дар ҳавзаи федералии Сибир хабар дод, ки дар пайи таҳқиқи қазияи занозании гуруҳӣ байни беш аз 300 корманди хориҷиии кони газ дар ҳудуди ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутск, пулиси ин вилоят беш аз 300 нафарро  бар асоси моддаи 20.1 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, 34 нафари онҳоро аз қаламрави Русия маҷбуран ихроҷ кардаанд.

Ҳамин тавр, ба иттилои додситонӣ, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ кушода шудааст ва 5 айбдоршаванда ба ҳабси пешакӣ ё ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот, 23 июни соли 2023 дар ошхона ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ байни кормандони ширкати АО “Ленгазспецстрой” барои навбати хӯрокхӯрӣ занозанӣ ба амал омада, дар ҷараёни он чанд тан аз коргарон ҷароҳат бардоштаанд.

Додситонии кулли Русия гуфт, дар корхона ҳолаҳои риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кору ҷои зисти коргарон, ҳолатҳои сари вақт пардохт нашудани маоши онҳо низ ошкор шуда, гунаҳкорон барои ин қонуншиканиҳо ҷарима баста шуданд. Ҳамин тавр, бо тақозои додситонӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ҷанҷолзо дар корхона 4 ошхонаи иловагӣ ташкил карда, шумораи корманди хадамоти амниятро зиёд кардаанд.

Тавре пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дода буд, рӯзи 23 июни соли 2023 дар кони  гази Ковикта, як  кони ширкати “Газпром”, дар ҳудуди ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутски Русия байни садҳо муҳоҷири тоҷику қирғиз занозании гуруҳӣ ба амал омада, дар ҷараёни занозанӣ 9 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар чанд соли охир ин бузургтарин муноқишаи байни муҳоҷирон дар Русия ба шумор меравад.

Телеграм-канали SHOT  хабар дода буд, ки сабаби муноқиша баҳси коргарони тоҷику қирғиз бар сари навбат дар ошхона шудааст.

 “Муноқиша аз он сар шуд, ки касе кӯшиш кардааст, ки бидуни навбат ба ошхона дарояд. Муноқишаро дар дохили ошхона зуд фурӯ нишонданд, чунки вақти хӯрокхӯрӣ буд. Вале баъди хӯроки пешин шаҳрвандони Қирғизистон ба назди хобгоҳҳои муҳоҷирони тоҷик омада, занозанӣ карданд. Иштирокчиёни аз ҳама фаъол ҳамон 9 нафаре буданд, ки ҷароҳат бардоштанд ва бо захмҳои гуногун пеши табибон рафтанд”, – хабар медиҳад ин канал.

SHOT номи 9 нафари осебдида ва чӣ ҷароҳат бардоштани онҳоро низ нашр карда буд:

1. Маматов А., 31-сола, ҷароҳатҳо аз қисмати сар.
2. Нормуратов М.:
ҷароҳатҳо аз қисмати  сар.
3. Алмазбеков А.:
 ҷароҳат аз қисмати шикам.
4. Билалов А.:
осеби пӯшидаи косахона ва мағзи сар (ЗЧМТ),  ҷунбидани мағзи сар.
5. Атырбеков Б.:
осеби зиёд аз қисмати сар.
6. Чоршанбиев Ф., 44-
сола: осеби пӯшидаи косахона ва мағзи сар (ЗЧМТ),  ҷунбидани мағзи сар.
7. Сайдалиев Б.:
осеби зиёд аз қисмати сар.
8. Сафаров Д.:
осеби зиёд аз қисмати сар.
9. Искандар
и М.: осеби зиёд аз қисмати сар.
Кони Ковикта, ба ширкати бузурги “Газпром” тааллуқ дорад, тахминан дар 450-километрии шимолушарқи Иркутск ва 320-километрии ғарби Северобайкалск ҷойгир шуда, бо 2,7 триллион метри мукааб газу 90,6 миллион тонна конденсати газ бузургтарин кони гази Русияи шарқӣ ва манбаи асосии газ дар маркази истихроҷи гази Иркутск ба шумор меравад. Ин кон дар баробари кони Чаяндаи Ёқутистон манбаи асосӣ барои лӯлаи гази “Сила Сибири” ва корхонаи коркарди гази Амур (АГПЗ) дониста мешавад. Дар кони Ковикта ва дигар корхонаҳои соҳаи газ дар Сибири шарқӣ ҳазорон муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд. Соли 2022 дар пайи як чунин занозании гуруҳӣ дар корхонаи коркарди гази Амур, ки низ байни коргарони тоҷику қирғиз ва низ дар ошхона рух дода буд, он корхона даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистону Қирғизистонро аз кор ронд.

Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳо бо иштироки муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол (!!!) аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button