ВидеоМуҳоҷирон

15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР ЁҚУТИСТОНИ РУСИЯ БАРОИ КУШТОРИ 20 СОЛИ ПЕШ

Додгоҳи олии ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) дар минтақаи Сибири Русия як марди 55-солаи зодаи Тоҷикистон ва як зани 38-солаи золаи Ёқутистонро дар ҷинояти одамкушие, ки 20 сол қабл дар шаҳри Якутск, пойтахти ин ҷумҳурӣ содир кардаанд, гунаҳкор шинохта, занро ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ ва мардро ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Ёқутистон  рӯзи 17 октябри соли 2023 хабар дод, ки додгоҳ ин ҷуфтро бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия дар куштори барқасдона аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади ғаразнок гунаҳкор шинохт.

Худи маҳкумшудагон ваё наздикону адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи   тафтишоту додгоҳ, марди зодаи Тоҷикистон аз 1 октябр то 16 декабри соли 2003 ба сабаби надоштани ҷои хоб як ҳуҷраро дар манзили як пиразани сокини шаҳри Якутск дар кӯчаи Ярославская, 19 иҷора гирифтааст. Баъди чанде зани зодаи Ёқутистон, ки дар ин парванда ҳамчун шарики муҳоҷири тоҷик мегузарад, низ дар он ҳуҷра маскун шудааст.

Маҳкумшудагон бо роҳи фиребу моилкунонӣ, дар ҷараёни истеъмоли машрубот кӯшиш кардаанд, соҳибхонаро розӣ кунонда, хонаи ӯро ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ кунанд. Вале пиразан аз имзо кардани қарордоди фурӯши хонааш саркашӣ кардааст ва он ду нафар бо ваъдаи ба истироҳатгоҳ бурдани ӯ, пиразанро аз хона баровварда, дар як гӯшаи беодам ӯро буғӣ карда, куштаанд ва ҷасадашро дар чуқурии як гаражи матрук дар кӯчаи Тихонови шаҳри Якутск зери хок кардаанд.

Баъди ин онҳо манзили пиразанро тармим карда, чизу чораи ӯро бароварда, партофтаанд ва хонаро ба одамони дигар фурӯхтаанд. Барои онки касе шубҳа накунад,  онҳо ба номи пиразани кушташуда чиптаи ҳавопаймои яктарафа харида, ба ҳамсояҳо эълон кардаанд, ки гӯё пиразан барои зиндагии доимӣ ба шаҳри Новосибирск кӯчида рафтааст.

Баъди чанд ҳафтаи куштани пиразан ва фурӯхтани хонаи ӯ ин марду зан пули хона дар ҷайб ба Тоҷикистон рафтаанд.

Онҳоро танҳо соли 2022 дастгир карданд. Зани зодаи Ёқутистон дар шаҳри Маскав бо ҷинояти дигар ба даст афтода, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Черёмушки аз 24 майи соли 2021 алакай зиндонӣ шуда буд.

Хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Ёқутистон гуфт, дар ҷараёни тафтишот марди зодаи Тоҷикистон комилан гуноҳро ба гардан нагирифт, вале ба фарқ аз вай, зан ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ кард ва ҳатто исми боз як шарикашонро ошкор кард. Вале ин нафари сеюм алакай вафот карда буд ва ба ин далел парвандаи ӯро ба сабаби маргаш қатъ карданд.

Акс аз парванда

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button