ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ МАНСАБ БАРКАНОР ШУДАНИ СЕ СУДЯИ БАЛАНДПОЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 октябри соли 2023 бо имзои як фармон якбора се додраси баландпояи додгоҳҳои вилояти Суғдро “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” аз вазифа озод кард.

Аз ҷумла Раҳматзода Исмоил аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд,
Усмонзода Одилбой Очилбой аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд,
Усмонзода Шоғуфрон аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

Дар бораи инки ба ҷои ин се нафар киҳо ба ин мансабҳои баланд таъйин шуданд?, феълан хабаре дода нашудааст.

Таъйин ва барканории судяҳо дар Тоҷикистон бо фармонҳои президент сурат мегиранд.

Низоми додгоҳӣ дар ин ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон дар умум беш аз 400 судя кор мекунанд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ судя бо иттиҳоми “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб рондаву дастгир ва бархеаш ба зиндон маҳкум шудаанд. Аксари онҳо бо ҷурми гирифтани пора ба даст меафтанд, вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳматзода Исмоил аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд,
Усмонзода Одилбой Очилбой аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд,
Усмонзода Шоғуфрон аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 октябри соли 2023
№640

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button