ВидеоСиёсат

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ ДАР ДОДСИТОНИИ КУЛЛИ ТОҶИКИСТОН

Додситонии кулли Тоҷикистон  хабар дод, ки дар ин ниҳод як сохтори нав бо номи “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” таъсис ёфта, аз 9-уми октябри соли 2023 Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи машғулиятҳои назариявию амалӣ оид ба муаррифии ин сохтори навро шурӯъ кардааст.

Гуфта мешавад, дар рафти машғулиятҳо зарурияти таъсис, мазмун ва моҳияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ба кормандон фаҳмонида шуда, мавзуъҳои муҳим, аз қабили самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои Марказ, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Машғулиятҳо рӯзҳои 9-10 октябр бо ҷалби ёрдамчиёни прокурорҳои шаҳри Душанбе, ВМКБ ва ноҳияҳои онҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳарбии гарнизонҳои Душанбе ва Рашт, нақлиёти Тоҷикистон ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии шаҳри Душанбе дар толори Донишкадаи Прокуратураи генералӣ, 12-13 октябр бо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон ва 18-19 октябри соли 2023 дар вилояти Суғд доир карда мешаванд.

Дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар хабар чизе гуфта нашудааст. Вале аз барномаи машғулиятҳо бармеояд, ки ин марказ ба корҳое, чун бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот машғул хоҳад шуд.

Киберҷиноятҳо, яъне ҷиноятҳое, ки бо истифода аз Интернет ва фанновариҳои навин содир карда мешаванд, барои Тоҷикистон зуҳуроти нисбатан нав аст, вале терроризму ифротгароӣ, бахусус аз ҷониби гуруҳҳое, ки дар Афғонистони ҳамсоя амал мекунанд, бо шумули ДОИШ ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, аз чолишҳои ҷиддӣ барои амнияти Тоҷикистон шумурда мешаванд.

Танҳо дар нимаи аввали соли 2023, бино ба омори ВКД, дар Тоҷикистон 195 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористиву ифротӣ ва дар нимаи аввали соли 2022 261 нафар бо чунин иттиҳом дастгир шудаанд. Вале мунтақидон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон аз тамғаи “терроризм” ва “экстремизм” барои мубориза бо мухолифини сиёсии худ фаровон сӯиистифода мекунанд ва барои мисол, чанд созмони умдаи мухолифин, аз ҷумла Паймони миллӣ, ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24”-ро бо чунин тамғабандӣ мамнӯъ эълон карда, даҳҳо тан аз тарафдорони мухолифинро низ ба рӯйхатҳои сиёҳи “шахсони ба терроризм ва ифротгароӣ алоқаманд” шомил кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button